Дар кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони “Менеҷер ва барномасози ҷавон” маҳфили илмӣ-методии омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. Маҳфилро мудири кафедра номзади илмҳои физикаю математика Эшонқулов А.А. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-методӣ донишҷӯёну дигар шавқмандонро ба самти илм ва пажӯҳишу навовариҳо ва ба ин васила беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ворид месозад, то тавонанд тамоюлҳои мусбати ҷомеаро низ дар оянда идора намоянд.
Иштирокчиёни маҳфил маърӯзаҳои илмию методии, омӯзгор Иргашева Н.А. (роҳбари маҳфил) ва донишҷӯёни ихтисоси WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ Расулова М., Ҳоҷиев Д., Одиназода Б.Э ва дигаронро бо мароқи том шунида, дар рафти маҳфил миёни маърӯзачиёну донишҷӯён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар кори маҳфил сардори шуъбаи илм, инноватсия ва корҳои эҷодӣ Қобилова М.П., муовини декан оид ба таълими факултети дизайн Ҳаитов Ф.М., инчунин омӯзгорони кафедраи мазкур ширкат ва баромад намуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфил доимамалкунанда буда, ҳафтаи сеюми ҳар моҳ рӯзи панҷшанбе соати 14:00 дар синфхонаи 101-и донишкада доир мегардад. Дари маҳфил барои хоҳишмандон боз аст.