Маҳфили илмӣ-амалӣ ва методиву иноватсионии кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони “Менеҷер ва барномасози ҷавон”, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 1-4-и ихтисоси дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ иштирок намуданд, ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Дар он донишҷӯён Мухлиса Қобилзода (курси якум), Ҳабиба Подчаева ва Надима Ниёзова (курси чорум), магистрантон Иффат Пирова, Муъмина Мусоева ва Мунира Неъматова дар мавзуи “Хусусиятҳои сармоя ва сармоягузорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” бо маърузаҳои таҳлилӣ-илмӣ баромад намуданд.
Дар анҷом сардори шуъбаи илм, инноватсия ва корҳои эъҷодӣ Қобилова М.П., сардори шуъбаи тарбия Эсанов М.Д., мудири бахши магистратура Ҳаитов Ф.М., Фирӯзи Сафаралӣ ва Холова С. (аз шуъбаи таълим) барои беҳтар шудани кори маҳфил андешаҳои судманду саривақтӣ иброз намуданд.
Зикр бояд кард, ки дар ташкили фаъолияти маҳфил, ҷалби донишҷӯёну магистрантони лаёқатманд ба пешбурди он саҳми муовини роҳбари маҳфил омӯзгор Садаф Шарофуддинзода басе назаррас аст.