Вохӯрие, ки подполковники адлия, корманди Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳимзода тибқи нақшаи Агентӣ оид ба суҳбату вохӯрӣ бо кормандони мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ бо донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир намуд, басе пурмуҳтаво ҷамъбаст карда шуд.
Донишҷӯёну устодон ба саволҳои худ доир ба паҳлуҳои гуногуни коррупсия, роҳҳои пешгирӣ ва бартараф кардани ин кирдори ношоиста миёни ҷомеа посухҳои қаноатбахш гирифтанд.