Масъалаи таълим ва тарбия яке аз проблемаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб рафта, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимиоию сиёсиро дар бар мегирад. Дар замони муосир талабот нисбат ба таълим ва тарбия ҳамчун самти калидии фаъолият дар пешрафти ҷомеа торафт меафзояд. Ин нукта дар асноди меъёрии соҳа – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ», дар барномаи таҳсилотии ихтисосҳо ва корҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи педагогика, психология ва методикаи таълим инъикос ёфтааст.
Оид ба ин масъала дар сарчашмаҳои илмҳои сиёсӣ ва педагогӣ баҳсҳои гуногун мавҷуд аст. Бештар дар фалсафаи сиёсӣ масъалаи фаъолияти инсон ва рафтори сиёсии он мавриди баҳс қарор гирифтааст, ки дар он мавуеи таълиму тарбия ҷойгоҳи махсусро иишғол мекунад. Дар педагогика бошад, таълиму тарбия категорияҳои марказӣ ба шумор рафта, асос ва мақсади ин фанро ташкил медиҳанд. Барои рушди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сиёсати миллӣ, таълиму тарбияи миллӣ ва дигар арзишҳо нақши муҳим мебозанд.
Доир ба масъалаи таълим ва тарбияи насли наврас ва ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониашон қайд менамояд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад.
Бояд гиброз намуд, ки тарбияи миллӣ ҳамчун падидаи ичтимоию сиёсӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мақому мартабаи махсусро касб кард. Дар ин давра олимону мутахассисон бештар кушиш намудаанд, ки дар ин раванд нақши забони давлатӣ ва ҷойгаҳи онро бо такя ба қарору қонунҳои забони давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намуда, дар рафти амалӣ намудани ин масъала корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд.
Маълум аст, ки тарбияи миллӣ сифатҳои баланди ахлоқи инсониро ҳамчун худшиносӣ, хуввияти миллӣ ва ташаббускориро ташаккул медиҳад. Мақсад ва вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил барои пешравии Ватан мебошад. Чуноне ки маълум аст, тарбияи шахси баркамол бе назардошти ҳамаи унсурҳои тарбия ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, барои тарбияи шахси ҳаматарафа инкишофёфта аз тамоми шаклу усулҳои тарбия ва арзишҳои миллӣ истифода мебояд бурд.
Дастовардҳои истиқлолият моро водор месозанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши наслҳои оянда талош варзида, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт корҳои таълимӣ ва тарбиявиро дуруст ба роҳ монем. Махсусан, сифати таълиму тарбия ва дигар усулҳоеро ба кор барем, ки онҳо на танҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба кор бурда шаванд, балки дар осорхонаю китобхона ва дигар муассисаҳои гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ бояд пайваста ташвиқу тарғиб ёбанд. Албатта, муассисаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани дониш нақши муҳим мебозад, аммо боз омилҳое мавҷуданд, ки таъсирашон дар ин ҷода хеле баланд аст.
Бояд иброз намуд, ки раванди донишандузӣ одатан аз чанд омил сарчашма мегирад, аз ҷумла оила, китобхонаи оилавӣ, вазъи иҷтимоии оила ва компютери шахсӣ; мактаб, масъалаҳои кадрии муассисаҳои таълимӣ, идоракунии мактаб ва назорати дохилимактабӣ; ҷомеа, муҳити гирду атроф, муносибати рафиқон ва талаботи ҷомеа.
Бояд гуфт, ки дар таълим ва тарбияи наврасону ҷавонон сатҳи дониши волидон низ нақши муҳим дорад. Дониши хуб ва натиҷаҳои беҳтаринро дар раванди таълим онҳое мегиранд, ки волидони онҳо маълумотнок бошанд. Маълум аст, ки чӣ қадар сатҳи дониши падару модар баланд бошад, ҳамон андоза таваҷҷӯҳи онҳо ба мактаб ва таълими фарзандонашон зиёд аст.
Волидони дониши баланддошта кӯшиш менамоянд, ки фарзандони худро ҳаматарафа ба мактаб омода созанд ва барои мутобиқ шудани фарзандонашон ба ҳаёт ва талаботи ҷомеаи имрӯза шароити мусоид фароҳам оранд. Барои ба мақсад расидан омӯзгорони ихтисосманд, шахсони донишманду дорои маданияти баланд, усулҳои нави таълим, технологияи навин ва албатта, китобҳои баландмазмун заруранд. Таълими босифат дар муассисаҳои таълимӣ тарбиятгари шахсияти муосир буда, шогирдро ба қуллаҳои баланди муваффақиятҳо мерасонад. Дар натиҷа раванди таълиму тарбия ба ташаккули шахс таъсир расонида, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг, донишманд ва эҷодкор ба воя мерасонад.
Хусусияти муҳими мушкилоти зеҳнӣ аз он иборат аст, ки инсон онро ба воситаи усулҳои мавҷуда ҳал карда наметавонад ва кӯшиш менамояд, ки дар асоси дониш, малака ва қобилиятҳои худ масъалаи гузошташударо бо ёрии ҷустуҷӯи усули нав ҳал намояд. Бо чунин роҳ ифода ёфтани мавод бо такрорнамоӣ ва азбаркунӣ мустаҳкам нагардида, балки бо ҳалли масъалаҳои махсус ва маърифатӣ амалӣ мегардад. Ҳалли масъалаҳои маърифатӣ, ки инсонро ба фаъолияти зеҳнӣ равона месозад, вазъияти проблемавӣ номгузорӣ мешавад. Дар алоқамандии ин, омӯзгор бояд донад, ки дар кадом шароитҳо вазъияти проблемавӣ ба вуҷуд меояд.
Ҳамзамон, тарбия аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим васеътар аст. Консепсияи миллии тарбия, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти рақами 94 тасдиқ шудааст, таҷрибаи нахустин буда, тарбияи миллии тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро дар бар мегирад. Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан рушду инкишофи насли наврасро муайян месозад.
Мақсади асосии тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Пеш аз ҳама дуруст ба роҳ мондани сиёсати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими таълиму тарбияи миллӣ мебошад, ки дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид назар кунад, Ватани хешро дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби нангу номуси миллӣ ва ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлокӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ бошад.
Унсурҳои таркибии тарбияи миллӣ чунинанд: тарбияи ғоявӣ, тарбияи миллӣ, тарбияи сиёсӣ, тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ватанпарастӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ, тарбияи маърифатӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи зебопарастӣ, тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ, тарбияи иқтисодӣ, тарбияи экологӣ ва ғ. Тарбияи миллӣ ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллат, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарханг ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.
Талошҳои илмӣ барои таърифи фарҳанг гуногунанд. Аз ҷумла, фарҳанги интизомӣ ва фарҳанги оммавӣ, фарҳанги зебошиносӣ, фарҳанги иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дар охир фарҳанги ҷаҳонишавӣ ба ҳама маълум гардидааст, ки таъсири ҳамаи ин ба раванди тарбияи шаҳрвандон беасар намемонад. Пас, бештар сухан дар бораи тарбияи сиёсӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб мекунад, ки фаҳмиши он ба баъзе мамониятҳо дучор гардидааст.Тарбияи сиёсии шаҳрвандон, пеш аз ҳама, аз хуқуқу озодиҳои сиёсие сарчашма мегиранд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд. Мақсади ниҳоии тарбияи сиёсии шаҳрванд аз он иборат аст, ки фарҳанги сиёсӣ ва майли фаъолияти сиёсии шахсият ташаккул дода шавад.
Қайд намудан зарур аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар тарбияи шаҳрвандон нақши муҳиме дошта, мақом ва ҷойгаҳи таълиму тарбияи миллиро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Сиёсати миллӣ дар ин раванд паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиро дар бар гирифта, ба бисёр монеаҳои рӯзмарра рӯ ба рӯ мегардад. Аммо, раванди тарбия оҳиста-оҳиста мавқеи худро ба ҷараёни сиёсати давлат мутобиқ намуда, шаҳрвандонро ба дигаргунсозии тарзи ҳаёт, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва пешрафти давлату миллат сафарбар менамояд.
Сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусиятҳои хоси худро дошта, бештар амалҳоеро пешбинӣ менамояд, ки новобаста ба миллату халқиятҳои гуногун ба нафъи кишвар бошад. Аммо, маҳаки асосии тағйирдиҳандаи ин раванд миллати таҳҷоӣ мебошад. Мавқеъ ва ё ин ки ҷойгаҳи миллати таҳҷоие, ки кишвар бо номи он муаррифӣ мегардад, новобаста ба ҳама монеъаҳои ҷомеа бояд возеҳу рушан бошад.
Дар мисоли ин тарбияи миллӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дигар анъанаву сунатҳои миллӣ бояд аз ҷониби дигар миллату халқиятҳои Тоҷикистон ба ҳамаи ин арзишу бузургиҳои миллӣ эҳтиром дошта бошанд. Миллати таҳҷоӣ дар ҳама ҳолат бояд роҳбалади ҳақиқии шаҳрвандони кишвар масҳуб ёбад. Маънои асосии тарбияи миллӣ ин тарбияи шаҳрвандони кишвар аст, ки бевосита ба сиёсати миллӣ вобастагӣ дорад. Сиёсати миллӣ бошад, сиёсати давлату ҳукумат барои комёб гардидан ба сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти кишвар буда, барои ба мақсад ноил гардидан нақши таълиму тарбия мавқеи асосиро ишғол мекунад.
Субҳон УСМОНОВ,
мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

