Дар маҳфили навбатии забони англисии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта барпо гардид, мавзуи асосӣ “Colors” (Рангҳо) буд.
Донишҷӯёни курси дуюм Ямин Давлатмамадов, Манижа Зайналова, Хатича Алимардонова, Мастоншо Сиёдатшоев дар ин мавзӯъ баромад карда, Садафмоҳ Ҳошимзода ва Муҳайё Ҳафизова шеърҳо қироат намуданд.
Роҳбари маҳфил муаллим А. А. Ҳалимов ба омодагии баромадкунандагон баҳои баланд дод.