Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии ДДСТДТ бо ибтикори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод конференсия ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҳафтаи илм ҳамчун КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ
«МУАММОҲО ВА САМТҲОИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ, ИҚТИСОД ВА РАВАНДҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ИНКИШОФИ ИЛМУ МАОРИФ АЗ НИГОҲИ ОЛИМОНУ МУҲАҚҚИҚОН»
бахшида ба солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
бо иштироки ҳузурию-фосилавию-ғоибона аз муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат, аз ҷумла
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
Донишгоҳи федеролии Қазони (Приволжский) Федератсияи Руссия
Филиал МГУ имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ баргузор гардид.
Дар қисми пленарии кори конфронс н.и.и., дотсент Қурбонов М.А. аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ, н.и.ф.м., дотсент аз Н.Озодбекова аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, н.и.и. Қ.Раҷабов аз Институти иқтисодёт ва демографияи АМИТ, муаллими калони кафедра, инчунин сардори шӯъбаи тарбияи донишкада М.Эсанов, магистранти ихтисоси 1-31030408 С.Разыков, муаллими калони кафедраи ЗФГ Ф.Э.Султонов ва донишҷӯ аз ҶИА Салмо Аҳмадӣ, бо маърузаҳои ҷолиб ва пажуҳишҳои илмӣ -технологӣ дошта баромад намуданд.
Ҷолибяти маърӯзаҳо дар он буд, ки мазмун, моҳият ва тадбиқи (апробация) онҳо ба самти иқтисоди рақамӣ, тадбиқи зеҳни сунъӣ дар баъзе шохаҳои хоҷагии халқ, дар ороиш ва расмкашӣ, дар дизайни графикӣ инчунин инкишоф додани мафкураи ҷавонон дар илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ-мантиқӣ равона шуда буданд.
Илм шамъест, ки инсонро аз вартаи ҷаҳолат ва торикӣ берун бароварда ба роҳи озод ва созанда ҳидоят менамояд.
Маҳз бо дарки амиқу дақиқи ҳамин масъала ва бо мақсади дар ҷомеаи Тоҷикистон фарогир шудани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бист соли оянда – солҳои 2020-2040- ро солҳои омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намуданд, зеро маҳз илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ муҳимтарин рукни ҷаҳонбинии дунявӣ ва муассиртарин воситаи тарбияи шахсияти соҳибназар арзёбӣ мешаванд.
Аз тарафи дигар ибрози андешаи илмии олимону муҳаққиқон, ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳалҳои муфид барои бартараф намудани камбудиҳо дар соҳа ҷой дошта, нишон додани усулҳои нави илмомӯзӣ бо технология ва ғайра онҳоро дар макони касбу ҳунар, истеъдод ва зебоӣ ҷамъ овард.
Аз ин ҷо агар бо як чашм дурнамои ҳаракати киштии кайҳониро бо усулҳои кибернетикӣ дида, фазои технологияи рақамиро тафаккур намоем, аммо бо чашми дигар меҳнати дастӣ, эҷоди маҳсулотҳои ороишии дасти, санъати амалии тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ бо усулҳои мафкуравии миллӣ дар чашми бинанда чарх мезанад.
Ин ду захираи бузург ИЛМ-ҲУНАР