23 апрел дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи санъатшиносӣ ба муносибати 40- солагии фаъолияти эҷодии рассоми шинохтаи ҷумҳурӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Мизроб Холов” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо сухани табрикӣ ба конференсия оғоз бахшида, сифатҳои беҳтарини педагогӣ ва эҷодии Мизроб Холовро ёдрас намуд. Сипас, мудири шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, Рассоми халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, котиби Шӯрои олимони донишкада Сайнуриддин Акобиров ва дигар шогирдону ҳамкасбон соҳибҷашнро самимона табрик гуфтанд.
Зикр гардид, ки Мизроб Холов ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва навоварист. Гуногунии услубии кори ӯ арҷгузорӣ ба мӯд ва ё фақат як ҳавас нест. Бо дарки мушкилоти имрӯза санъати ӯ рангу шакл ва сохти худро дигар мекунад. Асарҳои ӯ анъанавӣ буда, дар айни замон ба фардо нигаронида шудаанд.
Имрўз профессор Мизроб Холовро метавон ба гуруҳи рассомоне дохил кард, ки эљодиёташон дар рушди санъати тасвирии тоҷик аҳамияти хоса доранд. Мавсуф ба шарофати қобилияти бузурги меҳнатӣ ва истеъдоди фитрии худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ дар анъанаҳои мактаби Академияи рассомии Россия тарбия ёфта бошад ҳам, рассоми тоҷик аст ва дар асарҳояш руҳияи умумии эҷодии Шарқ бараъло эҳсос мешавад.
Маҳз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки Мизроб Холов дар ин ҷо кор мекунад, истеъдоду қобилияти ӯ ҳамчун портретнавис, манзаранигор, график, мусаввир кушода шудаанд. Ӯ дар ин ҷо соҳиби унвони профессорӣ гардид ва аз вазифаи оддии муаллим то декани факултети дизайн расид.
Қобили қайд аст, ки бахши аъзами вақти багузории конференсия ба таҳлилу тадқиқи эҷодиёти рассом бахшида шуд ва дар он доктори илмҳои таърих, профессор, мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Л. Н. Додхудоева, муаллимони кафедраи санъатшиносии донишкада Б.Т. Ёғибекова, С. А. Мустафоева, Р. Ҳ. Ҳасанова, Ш.И. Сайфуллоева, М.Т. Улҷабоева ва С. З. Ғанибоева доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодии Мизроб Холов маърӯза карданд.
Дар охир Мизроб Холов ба роҳбарияти донишкада, кафедраи санъатшиносӣ ва ҳамаи иштирокчиёни конференсия барои эътирофи самимӣ ва қадрдонӣ ба эҷодиёташ изҳори сипос намуд.