Бо ташаббуси кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ дар толори калони маҷлисҳо ва намоишҳои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 40-солагии фаъолияти педагогии дотсент, декани факултети дизайн, номзади илмҳои педагогӣ Субҳон Усмонов конференсияи илмӣ- назариявӣ барпо гардид.
Дар конференсия дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ С. Акобиров дар мавзуи «Ҳаёт ва фаъолияти С. Усмонов», номзади илмҳои педагогӣ Д.Н. Маҳкамов оид ба «Фаъолияти илмӣ ва эҷодии С. Усмонов», муаллими калон Ҳ,Шокиров доир ба «Ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои экологӣ аз нигоҳи С. Усмонов», Б. Амакиева «Андешаҳо перомуни китоби С. Усмонов «Мавқеи географияи Тоҷикистон дар тарбия» бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Дар анҷом муовини ректори донишкада доир ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ дар бораи фаъолияти илмию эҷодӣ ва саҳми Субҳон Усмонов дар рушди идм ва тарбия дар таълимгоҳи олии касбомӯзии кишвар сухан ронда, соҳибҷашнро бо туҳфаи хотиравӣ – портрети эҷодии худи ӯ қадрдонӣ намуд.
Баргузории чунин ҷамъомаду конференсияҳо доир ба фаъолияти педагогӣ ва илмию эҷодии устодони пуртаҷрибаю обрӯманд дар ДДСТДТ кайҳо боз ба ҳукми анъана даромадааст.