Дар санаи 28.02.2024 соати 13-00 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конференсияи кафедравии илмӣ-назариявӣ зери унвони “Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар рушди иқтисод” барузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии и.в., мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои педагогӣ, н.и.п., дотсент – Усмонов Субҳон ифтитоҳ гардид. Дар кори конференсия кормандону омузгорон ва донишҷуёни Донишкада иштирок ва бо маърузаҳои худ оиди “Аҳмияти манбаъҳои обӣ дар рушди энергетика”, “Терроризму экстремизм: решаҳои зуҳур ва таҳдид ба манфиатҳо”, “Ҷавобгарии ҷиноятии субъекти махсуси ҷиноят мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аҳамияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар раванди рушди давлатдории миллӣ” ва дигар масъалаҳои вобаста ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рушди иқтисодиёт, баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти конференсия миёни иштирокдорони он муҳокимаи маърӯзаҳо ва мубодилаи афкор сурат гирифт.