Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 30-солагии қабули онро ҷашн мегирем, ҳамчун қонуне, ки бевосита аз ҷониби халқ қабул гардидааст, нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дорад ва он ба сифати сарчашмаи асосии тамоми соҳаҳои қонунгузорӣ баромад мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он солҳои 1993, 2003 ва 2016 тағйирот ворид карда шудааст, ки он аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад ва соли 2024 аз қабул гардидани он 30 сол пур мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини олам ҷойгир аст, ки ин аз маърифати баланд, дониши амиқ ва ҷаҳонбинии васеи миллати тоҷик сарчашма мегирад.
Боиси хурсандист, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон ин санаи муҳиму тақдирсоз бо тантана таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана бори дигар шаҳрвандони мамлакатро водор месозад, ки ба таърихи миллати хеш назар афкананд ва аз таърихи пайдоиши ин ҷашн огоҳӣ пайдо намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Мақсад аз эълон намудани соли маърифатӣ ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани падидаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Мавриди ба ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тимсоли шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.
Дар ҳақиқат Рӯзи қабули Конститутсия яке аз санаҳои басо муҳим ва тақдирсоз ба шумор меравад. Зеро ин ҳуҷҷати муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне қабул гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бинобар ин, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, ваҳдати комил, ҳифзи якпорчагии марзу буми мамлакат ва муайян намудани заминаҳои ҳуқуқии рушди тамоми соҳаҳои кишвар зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсози миллат, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори босуботи Тоҷикистони азиз буда, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту хештаншинос мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеаи кишвар ва шакли давлатдории миллиро муайян менамояд. Ин санади муқаддас, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи тоҷикро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар фазои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мунаввар гардонид. Барпо кардани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ, консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд.
Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд. Мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд.
Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия- ин эҳтиром гузоштан ба инсон ва озодиҳои ӯ, эҳтиром гузоштан ба давлатдории миллӣ ва фаъолияту бақои он мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар шаҳрванд бояд ба ин муқаддасот арҷ гузорад ва моҳияти мавҷудияти онро дар худ таҳмил созад, то ҳамчун шаҳрванди озодбахти Тоҷикистон шаҳди саодати ҳаётро бичашад.
Ҷашни 30–юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми кишвари азизамон Тоҷикистон табрику таҳният менамоям.
Субҳон Усмонов,
Устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон н.и.п., дотсент