Конференсияи илмӣ-фарҳангӣ
Дар китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия омили осоиштагист” конференсияи илмӣ – фарҳангӣ барпо гардид.
Конференсияро бо сухани табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Бахтиёр Одиназода ифтитоҳ намуд.
Сипас, омӯзгорӣ кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Орзу Сайдалиев дар мавзӯи “Таърихи тавлиди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, донишҷӯёни факултетҳои санъати тасвирӣ Маҳвашбону Садриддинова бо маърӯзаи “Конститутсия – калиди соҳибистиқлолӣ”, факултети дизайн Киромиддин Зокиров “Конститутсия – санъати тақдирсози миллат” ва Мутаҳира Расулова “Конститутсия омили рушд ва пешрафти ҷомеа” баромад намуданд.