Санаи 04.11.2024 дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана истиқбол гардид.
Дар оғози ҷашн ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат устодону донишҷӯён ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, зимнан зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Сипас, директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Завқизода Солеъ Амин ва коромӯз – судяи Маркази таълимии судяҳои назди Суди олӣ Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин дар суханрониҳояшон дарҷ намуданд, ки Тоҷикистон дар баробари соҳибистиқлол гардидан ба марҳилаи нави таърихии инкишофи худ ворид шуд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд ва ин ҳама зарурати қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён гузошт. Зеро, ки таҳия ва қабули Конститутсия ва қонунҳои ба талаботи сохти нави давлатдорӣ ба замони муосир ҷавобгӯ омилҳои муҳими устувории иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа мебошанд.
Марҳилаи асосии таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия баъд аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарор шудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ оғоз шуда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин сана барои мардуми мо як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Конститутсияи давлати мо ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои баруманди байналмилалӣ эътироф гардидааст.
Бинобар ин, мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳиму бориз хоҳад дошт.
Дар охир дастаи ҳунарии Донишкада ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бо сурудҳои тозаву таронаҳои дилнишин хотири аҳли толорро болида гардониданд.