Рӯзи 16.11 соли2022 дар қироатихонаи китобхона ба бахшида таҷлили Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ семинар – машварат доир гашт. Дар семинар – машварат муовини ректор оид ба таълим Худойбердиева Ҷ., муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б., мудири китобхона Ёғибекова Б, мудири шуъбаи тарбия Эсанов М., мудирони кафедраҳо Сайфуллоева Ш, Суюунов Э., Эшонқулова А., мудири бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Исупова Р., ва омӯзгорон иштирок доштанд.
Чорабиниро дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров С., ифтитоҳ намуда ҳозиринро хайру мақдам гуфт. Сармутахассиси шуъбаи кадрҳо Раҳмонов Ҷ., дар мавзӯи “Аҳамияти иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии дар давлатдории навини тоҷикон”, муаллими кафедраи технологияи иттилоот ва иқтисод н.и.п. Усмонов С., ҳамчун шоҳиди он давра дар бораи сабабҳои ҷанги бародаркушӣ нақл намуд. Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Сайдалиев Орзу дар мавзуи “Заминаҳои сиёсию иқтисодии институти Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза кард.
Дар хотимаи чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Бахтиёр барои нақши мусаввирон дар Нишону Парчами ҷумҳурӣ маълумот дод.