Дар сарнавишти ҳар миллат рӯйдоди муҳими тақдирсозе ба вуқӯъ мепайвандад, ки ба тамоми раванди минбаъдаи ҳаёти он миллат асари худро мегузорад. Иҷлосияи ХVI–уми Шӯрои Олӣ аз замири чунин воқеаҳое буд, ки тақдири миллати ба тозагӣ соҳибистиқлогардида, вале дар оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш ғутавар, садҳо ҳазор гурезаҳои иҷборӣ, даҳҳо ҳазор кушта, беваю сағиру бечорамондагон, ҳазорҳо иншооти валангору ғоратгардида, гуруснагӣ, қаҳтӣ, беҳокимиятию беҳуқуқӣ, сатҳи пасттарини иқтисод, бекорӣ, ки мардум зиндагии сангинтаринро дошт, дар як муддати кутоҳи таърихӣ дигаргун кард. Масъулияти инсонӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар фард ва тамоми ҷомеаи тоҷикистониёни азиз имрӯз дар он аст, ки мо 30 соли баъдииҷлосияи ХVI -умро мавриди таҳлил қарор диҳем ва бубинем, ки оё мо он замон дар лаҳзаи тақдирсози сарзаминамон роҳи дурустро интихоб намудем ва он уҳдадориҳоеро, ки дар Иҷлосия ба уҳда гирифтем, иҷро кардаем ё не? Илми бузурги Ҳикмат – фалсафа тақозо менамояд, ки агар мо гузаштаро наомӯхта, имрӯзаро баҳогузорӣ накунем, пас фардои хешро муайян карда наметавонем.
Ин лаҳзаҳои таърихӣ, ки мо ба ифтихори таҷлили 30-умин солгарди иҷлосияи ХVI –уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба ҳам омадаем, мехоҳам аввалан хотирнишон намоям, ки ин рӯз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун санаи гиромидошти оғози эҷоди давлати воқеан соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд таҷлил карда мешавад.
Бинобар омилҳои ниҳоят зиёди объективӣ ва субъективӣ, дохилӣ ва хориҷӣ бӯҳрони сохтории Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири солҳои 80-уми асри XX ба авҷи худ расид ва дар оғози солҳои 90-ум ин давлати абарқудрат фурӯпошӣ шуд.
Бар асари ин раванд ва таҳаввулоти дигари бузурги таърихӣ миллат ва кишвари мо ба истиқлол ноил шуд ва баъди садсолаҳои ноумедию сарафкандагӣ имкони таъсис ва таҳкими давлати мустақили миллӣ фароҳам омад. Дар таърихи ҳазор соли охир ин дастоварди арзишмандтарин ва неъмати волою муқаддас мебошад.
Шарти муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлоли деринтизор ваҳдати шикастнопазири миллӣ, таъмини фазои сулҳу суботи комил ва сиёсати ягонаву ҳадафманди миллӣ буд. Бо камоли таассуф, на фақат ин ниёзҳои ҳаётии миллӣ таъмин нагардид, балки мухолифати сиёсӣ шиддати рӯзафзун касб намуд, ки натиҷаи фалокатбори он ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Тавре Шумо огоҳед, роҷеъ ба омилҳо, мазмун ва хусусиятҳои ҷанги шаҳрвандӣ назарҳои гуногун иброз шудаанд. Мо хоҳони онем, ки ин масоили ниҳоят ҳассосу нозуки таърихи мо масъулона ва воқеъбинонона бо омӯзиши дақиқи ҳамаи омилҳо – чӣ омилҳо ва сабабҳои дохилӣ (аз ҷумла мушкилоту нуқсҳои даврони шӯравӣ), чӣ омилҳову сабабҳои минтақавию байналмилалӣ (бахусус, ғаразҳо ва дахолатҳои ошкори баъзе нерӯҳо ва гурӯҳҳои хориҷӣ) – бо нақш ва мақоми мушаххаси худ баррасӣ ва арзёбӣ гарданд.
Таъкиди ин нукта зарурист, ки дар он марҳалаи сарнавиштсоз ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифини сиёсии он ба дарк ва татбиқи ҳадафҳои волои миллӣ қодир нагардиданд. Он нерӯҳое, ки масъулияти тақдири миллатро ба дӯш доштанд, мазмуни аслӣ ва ниҳоят зиддиятноки таҳаввулот ва тамоюлоти ҷаҳонӣ, бахусус ҳадафҳо ва ғаразҳои баъзе кишварҳои хориҷӣ нисбат ба Тоҷикистонро дарк карда натавонистанд.
Ҷанги шаҳрвандӣ, ки тадриҷан миқёси фоҷиабори худкушии миллиро пайдо мекард, сабабгори фурӯпошии сохтори сиёсӣ-идорӣ, анархияи сиёсӣ бо нақши амалии дастаҳои зиёди ғайриқонунӣ ва зиддиқонунӣ гардида, барои истиқлоли ҷавони мо хатари марговар эҷод намуд. Вазъият ба ҳадде расид, ки хатари аз байн рафтани миллат ва давлат ба вуҷуд омад.
Бо камоли масъулият таъкидан иброз медорам, ки маҳз дарки амиқи зарурати наҷоти миллату Ватан ва ҳифзи истиқлоли кишвар тамоми нерӯҳои масъул, огоҳ ва ватандӯсти кишварро дар саъю талоши фидокорона барои таъмини сулҳ, ризоияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ муттаҳид сохт. Ба манзури дастёбӣ ба ин ҳадафҳои волои миллӣ мо стратегияи ҷомеъ, санҷида ва муассиреро таҳия ва пайгирона татбиқ намудем, ки баъдан ҳамчун таҷрибаи нодир ва арзишманд дар сатҳи ҷаҳон эътироф гардид.
Оғози амал ва накӯи он маҳз ҳамон Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ буд. Баъди гузашти 30 сол мо бори дигар мутмаин мешавем, ки дарвоқеъ Иҷлосияи XVI, иҷлосияи наҷотбахш ва тақдирсози давлату миллат буд. Бо баргузории Иҷлосияи XVI саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона оғоз гардид.
Бори дигар дар таърихи мо собит шуд, ки сулҳ ва ваҳдат шарти ободӣ ва пешрафт аст: дар ҳамон соли 1997 коҳиши иқтисодӣ қатъ шуд ва дар муддати ҳамагӣ панҷ сол оқибатҳои бӯҳрони сиёсӣ бо нерӯ ва талоши фидокоронаи мардуми шарифи Тоҷикистон асосан рафъ гардиданд. Зиёда аз он, ба баракати ризоият ва ваҳдати миллӣ ва татбиқи стратегияи санҷидаи ислоҳоти бунёдии ҷомеа мо ба шоҳроҳи рушди босуръат ва устувори иқтисодӣ дохил шудем.
Лозим ба ёдоварист, ки Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии кишвар дар ҳолате баргузор гардид, ки дар мамлакат ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ аланга мегирифт ва сохтори давлатӣ фалаҷ гардида, низоми давлатдорӣ дар ҷомеа қариб ки аз байн рафта буд. Дар чунин шароити вазнини сиёсию иқтисодии мамлакат гузаронидани Иҷлосияи ХVI -уми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки бо иштироки вакилон, сарварони вазорату мақомоти гуногуни Ҳукуматӣ, аҳли илму адаб, уламои динӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин ва дигар шахсиятҳои соҳибэҳтироми мамлакат, зарурияти сангини таърихӣ ба миён овард. Дар ин ҷаласа низоми президентии давлатдории тоҷикон ба низоми парлумонӣ иваз карда шуд ва ба зиммаи Шурои Олӣ ва роҳбари нав таъингардидаи он ваколатҳои тақдирсози миллӣ вогузор гардид. Дар он замон барқарор намудани Ҳукумати Конститутсионӣ, махсусан дар минтақаҳои даргири ҷумҳурӣ ва ҳатто пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе хело ҳам мушкил буд, зеро хатари ҷонӣ, набудани амният, фаъолияти гурӯҳҳои силоҳбадаст ба таҳкими давлатдории тоҷикон халал ворид месохтанд. Дар он шабу рӯз масъалаи асосии давлат ин таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳалли масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо ғизо, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан ва таъсиси сохторҳои давлатӣ дар ҳамаи зинаҳои ҳукуматӣ буд.
Мо айни замон бо сабаби маҳдудии имкони пешниҳод ва таҳлили ҳамаи он кушишу заҳматҳоро баҳри иҷрои масъалаҳои дар боло зикргардида надорем, вале бо қатъият гуфта метавонам, ки онҳо бо ҷонбозию ҷоннисориҳо ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Ҳукумат ҳалли худро ёфтанд. Дар мамлакат сохторҳои қудратӣ – Артиши миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ ба фаъолияти пурра оғоз намуданд, ба бесарусомонию беамниятӣ хотима гузошта шуд, таъмини озуқавории мамлакат, махсусан масъалаи нон ва маводи гуногуни озуқаворӣ ҳалли худро ёфт ва гурезагони иҷборӣ аз қаламрави Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳо ба ватани аҷдодии худ баргардонида шуданд. Аз ҳама асосӣ низоми соҳибиқтидор ва самараноки давлатдорӣ таъсис дода шуд. Дар раванди талаботи 31 солаи соҳибистиқлолии баъди Иҷлосияи ХVI – ум дар сохтори давлатӣ ислоҳоти мунтазам гузаронида шуд, ки ин раванд боз ҳам вобаста ба талаботи навин дар рушду такмил қарор дорад. Имрӯз мо сарбаландона гуфта метавонем, ки давлатдории сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактаб ва таҷрибаи хоси худ ташаккул ёфт ва минбаъд низ дар асоси пешрафти илму прогресс ва таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ такмил хоҳад ёфт.
Иҷлосияи Хуҷанд ба мадди аввал ғояи созиши миллӣ, ҳалли мушкилот танҳо дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва гузашт кардан ба якдигар ва созандагӣ гузошта шуд. Мафҳумҳои пешниҳодкардаи роҳбарияти ҳукумат дар Иҷлосияи Хуҷанд – «Сулҳ» ва «Созиши миллӣ» ба сиёсати расмӣ ҳамчун зарурияти воқеӣ ва тақозои замон табдил ёфтанд. Маҳз созиши миллӣ дар Тоҷикистон дар таҷрибаи сулҳофарӣ саҳми муассир дошт. Бесабаб нест, ки дабири кулли СММ Кофи Аннан ба натиҷаҳои раванди сулҳи кишвари мо баҳои баланд дода гуфту буд, ки «Тоҷикистон ба дигар кишварҳо намунаи нодири ҳалли муноқишаҳои дохилиро дод».
Роҳбарияти нави Тоҷикистон, пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ба мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар Иҷлосия вазифаи анҷом бахшидан ба ҷанги бародаркуш, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, пурра барқарор намудани мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз поён то боло, такмил додани қонунгузории миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси артиши миллӣ, таъмини ҳифзи сарҳад, ташкили фаъолияти корхонаҳо ва хоҷагиҳо, эҷоди механизмҳои иқтисоди бозаргонӣ, шомил гардидан ба созмонҳои байналмилалӣ ба сифати давлати соҳибистиқлол, барқарор кардани робитаҳо ва муносибатҳо бо кишварҳои дигар ва амсоли онҳо гузошта шуданд.
Дар рӯзҳои иҷлосия, ягонагии ризоияти шаҳрвандӣ, дарки зарурияти раҳоии кишвар аз фалокати сарзада буд. Дастёбӣ ба сулҳ, ризоияти миллӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи нодир дар ҳаёти сиёсиву ҳуқуқӣ бо шарофати шаклгирии чунин сохторҳо ва механизмҳои босамар аз қабили Комиссияи оштии миллӣ, ки аз намояндагони Ҳукумат ва иттиҳоди мухолифин иборат буд ва Аҳдномаи ризоияти ҷамъиятӣ имконпазир гардид. Вазифа аз он иборат буд, ки аҳолии кишвар, аҳзоби сиёсӣ, ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кушишҳои Шурои олӣ ва ҳукуматро баҳри устувории сулҳ ва амнияти миллӣ дастгирӣ намоянд. Маҳз чунин дастгирӣ ба ҳукумат ва парлумони мамлакат сабаб гардид, ки бо андешинад ва амалӣ сохтани чораҳои зарурӣ ва босамар баҳри баромадани кишвар аз буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ роҳи стратегии пешрафти Тоҷикистонро дар шароити нави иҷтимоиву иқтисодӣ муайян намоянд.
Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонида дар замири мардум баҳри ояндаи нек нури умед барафрӯхт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот дар муддати нисбатан кутоҳ ба гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонида дар замири мардум баҳри ояндаи нек нури умед барафрӯхт. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот дар муддати нисбатан кутоҳ ба гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард.
Дар ин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Точикистон чун ба давлате, ки бо роҳи демократӣ пеш меравад, эътимоди ҷиддӣ баст, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналхалкӣ, аз ҷумла Бонки умумичаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки рушди Осиё, Бонки исломии Рушд, Бунёди Оғохон, ОПЕК ва дигарон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намуданд. Даҳҳо давлатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро расман эътироф ва бо мо муносибатҳои дипломатиашонро барқарор намуданд.
Мақоми Тоҷикистон дар сиёсати минтақавӣ ва байналхалқӣ хеле боло рафт. Имрӯз Тоҷикистон иштирокчии фаъоли беш аз 30 созмонҳои бонуфузи байналхалқиву минтақавӣ мебошад ва дар ҳалли масоили умдаи минтақавиву байналмилалӣ саҳми худро мегузорад.
Тоҷикистон иштирокчии фаъоли иттиҳодҳои ҳамгароии минтақавиву байналхалқӣ – ИДМ, СААД, ЕврАзЭС, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, СКИ ва дигарон буда, пайваста талош ба он дорад, ки тавассути тавсеаи ин ҳамкориҳо масоили гуногуни иқтисодиву сиёсии мамлакатро ҳал ва ҳамзамон барои рафъи хатароти имрузаи байналмилалӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар арсаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ ҳифз намояд.
Яке аз музаффариятҳои бузурги давлатдории мо ташаккули дипломатияи миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Таъиноти муҳими сиёсати хориҷии кишвар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии кишвар, барқарор намудани муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии мо дар арсаи байналхалқӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон мебошад.
Дипломатияи тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолият бо стратегияи санҷида ва асоснок бо истифодаи усулҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ тавонист аз вазифаҳои дар наздаш гузошташуда барояд. Он ба пешбурди сиёсати “Дарҳои кушода” бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти хамкории беғаразона доранд ва зарурати он, ки дар паём ҳамасола таъкид шуда буд, аҳамияти хос медиҳад.
Агар мо роҳи тайнамудаи мардуми моро баъди Иҷлосияи ХVI –уми Шӯрои Олӣ ҷамъбаст намоем, пеши назар иҷрои чунин нақшаҳои муҳими стратегии мамлакат оварданамон зарур аст:
- Таъсиси низоми нави самараноки давлатдории ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон;
- Ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон баъди даргириҳои хонумонсӯзи шаҳрвандӣ;
- Бунёду рушди давлатдории навин ҳамчун ҷомеаи дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона дар Тоҷикистон;
- – Таъсиси системаи дупалатагии Парлумони Мамлакат – Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва таҳкими органи назоратии ҳокимияти судҳо;
- Таҳия ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат;
- Таъсиси фарҳанги нави сиёсӣ дар ҷомеа, рушди озодгуфторию гуногунандешӣ, озоди сухан ва матбуот;
- Ислоҳот ва рушди мунтазами системаи илму фарҳанг, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ дар мамлакат;
- Гузоштани пояи рушди бемайлони сармояи инсонӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакат;
- Таъсиси сохторҳои Артиши миллӣ, Амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохила ва Хадамоти ҳифзи сарҳадоти мамлакат;
- Таъсиси дипломатияи миллии тоҷик ва рушди сиёсати хориҷии кишвар;
- Муаррифии Тоҷикистон ба олами мутамаддин ҳамчун давлати соҳибиситқлоли дунявию демократӣ ва миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун;
- Муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеа аз қабили ба даст даровардани амнияти энергетикӣ, коммуникатсионӣ, озуқаворӣ ва маориф, саноат ва амсоли онҳо.
Хулоса мо имрӯз он шахсиятҳои баору номуси миллатро, ки дар лаҳзаи хело ҳам хатарноки ҷумҳурӣ тавонистанд миллати тоҷикро аз нестшавӣ дар сафҳаи таърих, ҳамчун миллати соҳибтамаддуни қадимтарини Осиёи Марказӣ наҷот диҳанд бояд ҳамеша ёдоварӣ намуда эҳтироми хешро ба онҳо иброз намоем. Дар амалӣ гардонидани нақшаҳои тақдирсози Иҷлосияи ХVI –уми Шӯрои Олӣ тамоми намояндагони тамоми миллатҳои тоҷикистон, аз мардуми оддӣ сар карда то сарвари давлат, намояндагони мардумӣ, аъзоёни Ҳукумат, роҳбарони ҳокимияти маҳаллӣ ҷоннисориҳою заҳмати беандозае карданд, ки таърих ва мардуми Тоҷикистон ҳаргиз онҳоро набояд фаромуш намояд ва аз он ҳодисаҳои гузашта хулоса бароварда, имрӯзу фардои хешро бо идеологияи ягонагии миллӣ, бо тафаккури созандагӣ ва ифтихори ватандорӣ, бо амалӣ сохтани барномаҳои стратегии давлат ободтару шукуфонтар гардонад.
Ояндаи миллати тоҷик ва сарзамини муқаддаси тоҷик дар дасти худи мост!
Кафедраи ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ
Эшонқулов Алишер Алигулович
Иргашева Нигина Абдусаматовна
Муродалии Ризвон Қурбониён