Имрӯз 20.10.2020 бо ибтикори ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дотсент Ғанизода Ҷ.Ш. ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) миёни донишҷӯёну омӯзгорони донишкада беш аз 200 ниқоби якдафъаинаи тиббӣ тақсим гардид.
Иқдоми мазкур бо роҳбаладии Иттифоқи касабаи донишкада, шуъбаи тарбия дар назди даромадгоҳи донишкада, гузаронида шуд. Ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 андешида шудааст ва дар назар аст, ки зиёда 500 ниқоб ба донишҷӯёну омӯзгорон тақсим шавад.