Самараи ҳамкорӣ
Дирӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Рафъат Куксал, роҳбари Агентии Туркия оид ба рушд ва ҳамкорӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Тариқ Мэтэ ва сардори Департаменти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Кавкази Агентии Туркия оид ба рушд ва ҳамкорӣ Алӣ Уз Тюрк баргузор гардид.
Тарафҳо масъалаи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро матраҳ намуданд. Ҷамшед Ғанизода аз шарикии босамар бо Агентии Туркия оид ба рушд ва ҳамкорӣ (ТИКА), ки натиҷаи он боиси омодагии устохонаҳои таълимии харротӣ, кӯлолгарӣ, дӯзандагию офортӣ дар донишкада ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ гардид, арзи қаноатмандию миннатдорӣ намуда, аз ривоҷи минбаъдаи ин ҳамкориҳо бо сифати нав ва ба таври густурда изҳори умедворӣ кард.
Дар охир бо иштироки ҳарду ҷониб дар вазъияти тантанавӣ дари устохонаи наву замонавии дӯзандагии назди кафедраи “Тарҳрезии бадеии либосҳо” ба рўи донишҷӯён боз карда шуд.
Меҳмонон инчунин аз устохонаи офортӣ ва намоиши наққошии “Кундал”, ки дар толори намоишии донишкада аз 18 феврал то нимаҳои моҳи март давом хоҳад кард, дидан намуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкории Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тољикистон ва Агентии Туркия оид ба рушд ва ҳамкорӣ (ТИКА) аз соли 2013 ин ҷониб идома дорад. Тӯли ин муддат бо кӯмаки Агентии мазкур чор устохонаи донишкада бо ҳама таҷҳизоту олоти зарурии корӣ таҷҳизонида шудааст.