Monday, October 13, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ ДИЗАЙН БАРРАСӢ ГАРДИД

13.10.2025

Имрӯз дар қироатхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси китобхона ва кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов маҳфили илмӣ-маърифатии “Дӯстдорони китоб” дар мавзуъҳои “Истифодаи технологияи рақамӣ дар дизайн” ва “Тарроҳи композитсия дар плакатҳо ва реклама” баргузор гардид.

Мудири китобхона Умед Одинабеков маҳфилро ифтитоҳ намуда, аҳаммияти мавзӯъҳои мавриди баррасиро барои донишҷӯёни ихтисоси дизайн ва меъморӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки имрӯз истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва тарроҳӣ ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти эҷодии рассомону тарроҳон табдил ёфтааст.

«Имрӯз технологияҳои рақамӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти дизайнер табдил ёфтаанд. Бе донистани воситаҳои рақамӣ имкон надорад, ки мутахассиси муосир бо бозори меҳнат ҳамқадам бошад», – гуфт мудири китобхона.

Сипас, Эсанҷон Валиев, муаллими калони кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов, дар мавзӯи “Истифодаи технологияи рақамӣ дар дизайн” маърӯза кард. Ӯ таъкид намуд, ки яке аз навовариҳои ҷолибтарин дар соҳаи тарроҳӣ ва муҳандисӣ истифодаи воқеияти виртуалӣ (VR) мебошад.

Ба зикри ӯ, бо истифода аз ин технология меъморон ва дизайнерон метавонанд моделҳои пурраи интерактивии лоиҳаҳои худро эҷод намоянд, ки ин ба муштариён имкон медиҳад, то пеш аз татбиқи воқеии тарҳ онро дар фазои маҷозӣ бубинанд ва арзёбӣ кунанд. Воқеияти виртуалӣ на танҳо имкони омӯзиши фазо ва тағйир додани ҷузъҳои тарҳро фароҳам меорад, балки қабули қарорҳои дурустро дар раванди эҷод осон мегардонад.

Дар идома омӯзгори кафедра Муҳаммад Ҳалимов дар мавзӯи “Тарроҳи композитсия дар плакатҳо ва реклама” сухан ронд. Ӯ зикр кард, ки мувозинат ва симметрия аз муҳимтарин унсурҳои композитсия мебошанд.

Ба андешаи ӯ, мувозинати симметрӣ дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки унсурҳои тарҳ дар ҳар ду тарафи меҳвари марказӣ баробар тақсим шаванд, дар ҳоле ки мувозинати асимметрӣ бо вуҷуди нобаробарӣ ҳисси ҳамоҳангиро нигоҳ медорад ва дар реклама таъсири равонӣ ва ҷолибияти визуалӣ мебахшад.

Мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи донишкада Фирӯз Ҳаитов низ зимни суханронӣ ба нақши муҳими истифодаи дурусти воситаҳои муосири тарроҳӣ дар рушди зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯён ишора намуд. Ӯ таъкид кард, ки маҳфилҳои илмӣ-амалӣ, ба монанди “Дӯстдорони китоб” на танҳо доираи маърифати иштирокчиёнро густариш медиҳанд, балки онҳоро ба хондани адабиёти илмӣ ва истифодаи захираҳои электронии муосир ҳидоят месозанд.

Дар қисмати саволу ҷавоб иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда бо маърӯзачиён мубодилаи андеша анҷом дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Дар хотима масъулон изҳори боварӣ намуданд, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар оянда низ идома ёфта, ба баланд бардоштани савияи илмӣ, фарҳангии донишҷӯён ва истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мусоидат хоҳад кард.

Ба қафо

ДАР ДОНИШКАДА НАМОИШИ ИНФИРОДИИ РАССОМИ МАЪРУФИ УЗБЕК ИФТИТОҲ ГАРДИД

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ ДИЗАЙН БАРРАСӢ ГАРДИД 13.10.2025
  • ДАР ДОНИШКАДА НАМОИШИ ИНФИРОДИИ РАССОМИ МАЪРУФИ УЗБЕК ИФТИТОҲ ГАРДИД 07.10.2025
  • ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 06.10.2025
  • ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ОМӮЗГОР – ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 04.10.2025
  • ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА 03.10.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон