Маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони “Менеҷери ҷавон”, ки дар назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ таъсис дода шудааст, санаи 21-уми октябр баргузор гардид.
Маҳфили “Менеҷери ҷавон” бо иштироки донишҷӯён ва магистрантони бахшҳои 2-юм ва 3-юми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ, магистрантони бахши 1-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ баргузор гардид. Дар кори маҳфил муовини ректор оид ба таълими донишкада д.и.т., профессор Иброҳимов М.Ф., муовини декани факултети дизайн Ҳаитов Ф., мудири шуъбаи илм, магистратура ва инноватсия Қобилова М.П., омузгорони кафедра ширкат варзиданд.
Дар ибтидо муовини ректор оид ба таълими донишкада д.и.т., профессор Иброҳимов М.Ф. дар бораи мақсаду маром ва мӯҳтавои маҳфилҳои донишҷӯён дар фаъолияти ояндаи мутахассисон сухан гуфта, оид ба маҳфил ҳидоятҳои худро баён карданд ва ҳозиринро бо ибтидои ҷаласаҳои маҳфили “Менеҷери ҷавон” дар соли нави таҳсили 2020-2021 муборакбод намуданд.
Мудири Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ н.и.и., дотсент Наҷмиддинзода А.Ю. ба ҳозирин дар бораи аз ҷониби ректори ДДСТДТ, н.и.м., дотсент Ғанизода Ҷ.Ш. тасдиқ гардидани Низомномаи маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ иттилоъ дода, мазмуну мундариҷаи ин ҳуҷҷатро ба ҳозирин расонд.
Сипас, дар маҳфил магистранти бахши 1-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ Пирова И.Т. доир ба мавзӯи “Ташаккул ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон” баромад намуд.
Баъд аз баромади асосӣ аз тарафи донишҷӯён ва омӯзгорон саволҳо доир ба мавзӯи баромаднамуда ба магистрант Пирова И.Т. пешниҳод гардиданд ва аз ҷониби баромадкунанда ҷавобҳои қаноатбахш дода шуданд. Дар интиҳо мавзӯи баромади пешниҳодгардида ҳамаҷониба муҳокима гардид.