ПАЁМИ ДӮСТӢ ОВАРДАНД
Як гурӯҳ намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сарварии вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков бо мақсади таҳким бахшидан ба дӯстии бисёрасраи ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек таҳти шиори “Дӯстӣ бошад мароми ҷовидон!” ба Тоҷикистон омада, 27 сентябр меҳмони донишҷӯёну устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гардиданд.
Дар назди аҳли омӯзгорони донишкада, ки ба истиқболи гарму самимии меҳмонон баромада буданд, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва раиси Академияи мусаввирии Ӯзбекистон А. В. Нуридинов аз дӯстию бародарӣ ва ҳамзистии таърихии ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек сухан ба миён оварда, паёми дӯстии гарму пурмеҳри мардуми Ӯзбекистонро ба ҳамсоягони Тоҷикистониашон расониданд.
Меҳмонон баъди шиносоӣ бо фаъолияти донишкада, аз ҷумла маҳсули эҷоди рассом-омӯзгорон, ба истеъдоди онҳо баҳои баланд дода, рушди бомаром ва бемайлони самти санъати тасвирӣ ва дизайнро дар ин маркази дар ҷумҳури ягонаи омӯзиши мукаммали ҳунари рассомӣ махсус таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки миёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишкадаи миллии рассомӣ ва дизайни Ӯзбекистон ба номи Камолиддини Беҳзод чанд сол боз шартномаи ҳамкорӣ амал карда, тибқи он ҷонибҳо таҷрибаи ҳамдигарро доир ба рушди санъати тасвирӣ ва дизайн меомӯзанд. Намояндагони ҷониби Ӯзбекистон аз дидани самараи хуби ин ҳамкорӣ дар мисоли Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон шоду қаноатманд гардида, уҳдадор шуданд, ки онро беш аз пеш тақвият бахшанд.
Меҳмононро дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, устодони донишкада – Арбобони ҳунари Тоҷикистон Акмал Миршакар, Мизроб Холов ва бисёр дигар намояндагони соҳаи санъат ва фарҳанги ҷумҳурӣ ҳамроҳию пазироӣ намуданд.