Санаи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Дӯстдорони китоб” баргузор гардид. Маҳфили мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шуда буд.
Оид ба ҳаёт, фаъолият ва мероси эҷодии малик-уш-шуаро Рӯдакӣ дотсенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ Акобиров Сайнуриддин маърӯза ироа намуд. Инчунин дар чорабинӣ донишҷӯёни фаъоли китобхона Мунисаи Нуриддин, Ҷалилзода Аҳдия, Нуралиева Хоҷабегим, Рӯзибойзода Муҳиба, Ҷураева Ҳусноро ва дигарон баромад намуда аз ашъори устод порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.