Дирӯз дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни фарҳехтагони ҳунар, шахсиятҳои барҷаста, сарсупурдаҳои роҳи эҷод, бузургони олами санъати тасвирӣ ва пос доштани хотироти неки онҳо намоиши асарҳои рассоми зиндаёд- НАҶМИДИНОВ КАРИМҶОН АХМЕДОВИЧ таҳти унвони “Умқи нигоҳ” баргузор карда шуд.
Дар ифтитоҳи намоиши мазкур ректори Донишкада н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Муродзодаи Шариф, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Ҷурахонзода Сироҷидди, д.и.т., профессор Додхудоева Лариса Назаровна, Улҷабоева Манзура, Нарзибеков Носирбек , наздикону пайвандон, шогирдон ва алоқамандони эҷодиёти пурғановат ва нотакрори Устоди зиндаёд ширкат доштанд.
Бояд қайд намуд, ки устоди зиндаёд Наҷмиддинов Кариҷон аз зумраи поягузорон дар ташкили Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, то вопасин лаҳзаи ҳаёташон ба ҳайси мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ дар Донишкада кору фаъолият намудаанд.