МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИИ КАСБИИ “ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН” БАРОИ ИШҒОЛИ ВАЗИФАИ ЗЕРИН
озмун эълон менамояд:
Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
- Профессор, номзади илм-1 ҷой
Талабот барои ишғоли профессор, номзади илми кафедра:
-бо унвони ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (Рассоми халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рўйи соҳаҳои муайяни санъат бошанд;
– на камтар аз 10 сол доштани собиқаи умумии фаъолияти илмию омўзгорӣ, аз ҷумла на камтар аз 5 сол аз рўйи ихтисоси илмии дархостшаванда;
– дорои мактаби устоду шогирд бошад;
– дар 5 соли охир муаллиф ва ё дар ҳаммуаллифӣ 1 китоби дарсӣ ё маводи таълимӣ (аз рӯйи фанҳое, ки лексия мехонанд ё ба равияи кафедра мувофиқ аст);
– таҳияи 1 монография (бобҳои монография);
– дар зарфи 5 соли охир 5 мақолаи илмӣ ё корҳои эҷодӣ таҳия намуда бошад;
– баъди дарёфти унвони илмии дотсент доштани на камтар аз 3 дастури таълимию методӣ, ки бояд яктоаш бе ҳаммуаллиф ба чоп расида бошад;
– баъди дарёфти унвони илмии дотсент доштани на камтар аз 5 кори эҷодӣ аз рўйи равияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн;
-доктори илм ва ё номзадони илм, профессор ва ё дотсент бошад;
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун;
- дар ҷузвдони алоҳида (папка файл) ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- нусхаи шиноснома;
- 4 дона сурати ¾;
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш, дараҷаи академӣ ва илмӣ, шаҳодатнома дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд;
- рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16);
- тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
- маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- талабот барои шахсоне, ки дар Донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо: Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.
Эзоҳ: Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.
