19.03.2019. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани қабати камбизоати аҳолӣ ва хонаи бачагону пиронсолон рӯзи 19 марти соли 2019 намояндагони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба хонаи кӯдакони синни томактабии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Намояндагони донишкада, ки дар байнашон омӯзгорону донишҷӯён буданд, кӯдаконро ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта ба тӯҳфаҳо, ки асосан аз шириниҳои лазиз иборат буд, супориданд.
Ҳангоми вохӯри бахшида ба иди Наврӯз шеъру таронаҳо хонда шуд ва вохӯри хеле хотирмон гузашт.