Дар асоси ҷадвали баргузории аттестатсияи давлатии хатм, ки бо фармоиши ректори Донишкада аз 29.04.2024 №42 тасдиқ гардидааст, магистрантони курси дуюми ихтисосҳои 1-150101-“Манзаранависии дастгоҳӣ” ва 1-21040203- “Санъатшиносӣ” рисолаҳои магистрии хешро сарбаландона ҳимоя намуданд.
Дар фарҷом Раиси Комиссияи аттестасиониихатм н.и.т., дотсент Умарова З.Х, муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ- н.и.т., дотсент Одиназода Б.Э., Арбобони Ҳунари Тоҷикистон, профессорони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ Холов М.А., Миршакаров А.М. хатмкунандагонро барои сарбаландона ҳимоя намудани рисолаҳои магистрии хеш ва муваффақ гардидан дар иҷрои кори эҷодияшон табрику таҳният намуда, ба ҳар яки онҳо дар самти корҳои илмӣ-эҷодии минбаъда ва фаъолияти педагогиву омӯзгорияшон барору комёбӣ орзу намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли таҳсили ҷорӣ 33- нафар магистрантон таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои Арбобони ҳунари Тоҷикистон, профессорон, докторини илм, номзадони илм, олимону муҳаққиқони варзида ва муаллимони калони соҳибтаҷриба рисолаҳои магистрии хешро омода намуда, зинаи таҳсилоти магистратураро дар Донишкада хатм менамоянд.