Дар доираи Вохурии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (14-15 сентябри соли 2023, шаҳри Душанбе) қабл аз баргузории намоиши асарҳои рассомони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо омили наҷоти баҳри Арал”- як зумра рассомони барҷаста аз кишварҳои ба мо дӯсту бародар: Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Туркменистон ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз шароит ва имкониятҳои омода намудани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн ташриф оварданд.
Меҳмонони фахриро Ректори Донишкадаи н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат пешвоз гирифта бо шароит ва имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ҷузъе аз муҳимтарин соҳаи ҳаёти ҷамъияти, яъне фарҳанг ба ҳисоб меравад аз наздик шинос намуданд. Ҳайати мазкур аз синфхонаҳои таълимӣ, устохонаҳо, толори намоишӣ (галерея) дар маҷмӯъ аз маҳсули заҳмати устодону шогирдон дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дидан намуда, ба шароит ва имкониятҳои мавҷуда, рушди босуръати Донишкада дар 10 соли фаъолият, маҳорату малакаи касбии ҳайати профессорону омӯзгорон ва қобилияти баланди бархе аз шогирдони ин даргоҳи илму хирад ва касбу ҳунар баҳои баланд доданд.
Дар фарҷоми шиносоӣ ва сӯҳбатҳои соҳавӣ аз ҷониби Раёсати Донишкада ба меҳмонон тӯҳфаҳои рамзӣ ҳамчун армуғон тақдим карда шуд.