Таҳти ҳамин унвон санаи 24.05.2024 дар меҳмонхонаи “Серена Душанбе” ифтитоҳи намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми санъати ороиши амалии тоҷик, номзади илмҳои таърих, дотсент Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ- муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиши мазкур ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, доктори илмҳои таърих, профессор Додхудоева Л.Н., намояндаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Шералӣ Д.М., директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов Ҷурахонзода С., роҳбарияти меҳмонхонаи “Серена Душанбе”, ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон ва як зумра меҳмонон аз хориҷи кишвар ҳамчун дустдорону алоқамандони соҳаи санъати тасвирӣ ширкат доштанд.
Бояд қайд намуд, ки мавсуф ҳамчун рассом асосан дар чунин жанрҳои рассомӣ, аз қабили манзаранависӣ, симо (портрет) ва натюрморт кор карда, манзараҳои ӯ асосан мавзӯи мебошанд. Онҳо анъанаҳо, тарзи ҳаёт, урфу одат ва фарҳанги мардуми моро хеле рушан таҷассум мекунад. Асарҳои у “Чор фасл”, “Баҳор”, “Тобистон”, “Тирамоҳ”, “Зимистон”, “Моҳтобшаб”, “Мӯйсафед”, “Солҳои гузашта” ва “Самарқанд” аз ҷиҳати банду баст ва тасвир бисёр аҷибанд. Дар асарҳояш ӯ рӯҳи миллиро хеле зебо муаррифӣ намуда унсурҳои миллиро дуруст истифода мекунад. Асарҳои ӯ ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Одиназода Бахтиёр доимо дар ҷустуҷӯи эҷодӣ аст, чи гуна озмоиш карданро медонад, услуби махсуси кори худро дошта, анъана ва хислатҳои мардумӣ дар маҷмӯи офаридаҳои ин рассоми чирадаст хеле моҳирона ва ба таври барҷаста тасвир ёфтаанд.