Бо мақсади татбиқи тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Нақшаи инфиродии донишҷӯён” ва Шӯрои илмӣ-методии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои кӯмак ба донишҷӯён дар дастрас намудани мавод барои хониши мустақилона бо мураттибии дотсенти кафедраи “Забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ”-и донишкада Сайнурдин Акобиров, таҳти назари доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Кӯчаров дастур барои кори мустақилонаи донишҷӯён – “Баёзи адабӣ” дар чаҳор ҷилд аз чоп баромад.
Баёз тарҷумаи ҳол ва намунаҳо аз эҷоди 80 шоиру нависандаи тоҷик, аз ҷумла аз адибони классики форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакию Абулқосим Фирдавсӣ сар карда, то шоиру нависандагони муосир Раънои Муборизу Давлат Сафарро дар бар гирифтааст.
“Баёзи адабӣ”-ро матбааи ҶДДМ “Абдураҳмон Р” ба нашр расондааст.
Донишҷӯён метавонанд баёзи мазкурро аз китобхонаи донишкада дастрас намуда, истифода баранд.