Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БЕҲИСОБАНД

07.09.2020

Бахшида ба 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Тоҷикон аз қадим миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 давлати мустақил эълон шуд ва моҳи декабри ҳамон сол ба ҳайати Иттиҳоди давлатҳои мустақил ворид гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони Милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (ОБСЕ),  Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф шудааст. Вале ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули давлату давлатдории нав ба мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Ихтилофҳои дохилӣ мамлакатро ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор намуд, ки он ҳама соҳаҳои хоҷагии халқро фаро гирифта буд. Пастравии истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан дар саноат бештар ҳис карда мешуд. Робитаи корхонаҳои саноатии махсусгардонидаи ҷумҳурӣ, ки дар алоқамандӣ бо корхонаҳои саноатии собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекарданд, канда шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ аз моҳи феврали соли 1992 зиёда аз чор сол давом кард. Агарчи 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуда бошад ҳам, амалҳои ношоистаи қисман аъзоёни қувваҳои мухолиф дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ то солҳои 2000-ум ба мушоҳида мерасид.

Дар чунин шароити вазнин Тоҷикистон ба мисли дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ барои ба ҷараёни умумиҷаҳонии иқтисодӣ мустақилона пайваст гардидан кӯшиши зиёде ба харҷ дод ва барномаи рушди иқтисодӣ қабул кард, ки ҳалли масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Таъмини мустақилияти иқтисодӣ, аз ҷумла, энергетикӣ ва озуқаворӣ;  2. Баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ; 3. Амалӣ гардонидани барномаи иҷтимоӣ дар асоси паст намудани сатҳи камбизоатӣ; 4. Азнавсозии таркиби иқтисодиёт бо назардошти талаботи нави иқтисодию иҷтимоӣ; 5. Инкишофи босуръати соҳаи кишоварзию агросаноатӣ аз нигоҳи таъмин намудани бехатарии озуқавории мамлакат; 6. Ривоҷ ва равнақ додани муносибатҳои бозоргонӣ ва соҳибкорӣ; 7. Ҷалби сармояи (инвеститсияи) хориҷӣ ва ғайраҳо.

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, амнияти озуқавории аҳолӣ ва саноатикунонии мамлакат аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии мамлакат маҳсуб меёбанд. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика таҷдиду бунёди неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Роғун”, «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», НБО “Қайроқум”, НБО “Сарбанд”, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1ва 2, хати интиқоли барқи «САSА-1000», ба кор даромадани  агрегати 1-ум   ва 2-юми НБО “Роғун”  имкон фароҳам оварданд, ки ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шавем. Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар алҳол дар саросари мамлакат зиёда аз 2500 км роҳи мошингард, 14 км нақбҳои автомобилгард,  140 пул бунёд ва барқарор шудааст.  Роҳҳои автомобилгарди  Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум,Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош,  Душанбе-Бустон-Чаноқ, Душанбе-Бохтар, бунёди роҳи нави оҳани Ваҳдат-Ёвон робитаҳои гуногунҷабҳа, қабл аз ҳама иқтисодии моро бо давлатҳои ҳамсоя қавӣ мегардонад.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда 185 корхонаи нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Теъдоди коргарони ин корхонаҳо зиёда аз 7000 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар кишвар 25 корхонаи хурду калони истеҳсоли семент, 90 корхонаи истеҳсоли хишт, 56 корхонаи истеҳсоли регу шағал, 9 корхонаи коркарди санг, 12 корхонаи истеҳсоли оҳаку гаҷ ва ғайра фаъолият доранд. Дар соҳаи саноати сабук то соли 2019 зиёда аз 89 корхонаи нав таъсис дода шудааст. Ин корхонаҳо ба коркарди ашёи маҳаллӣ машғул буда, дар онҳо зиёда аз 28 ҳазор ҷойҳои нави корӣ    ташкил карда шудааст.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми саноат ба ҳисоб меравад. Таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум аз рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ вобастагии ниҳоят зиёд дорад.
Дар давраи истиқлолият аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои рустанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ ва таъминот бо техникаи кишоварзӣ ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 13 барномаи давлатии соҳавӣ қабул гардидааст. Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ назаррас буда, соли 2019 нисбат ба соли 1997-ум 6,8 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи моро муайян кард. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои истиқлолиятанд. Дохилшавии ҷумҳурӣ ба низоми хоҷагии ҷаҳонӣ барои инкишофи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда, ташаккул ёфтани  сохтори хоҷагии халқ ва баланд бардоштани иқтидори   содиротии кишвар замина гузошт. Ҷиҳати ноил гардидан ба Њадафҳои рушди ҳазорсола дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардиданд. Мақсад ва амалигардонии онҳо то дуюним баробар афзоиши додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ ва ду баробар паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ки ин ҳадафҳо то ба имрӯз давра ба давра иҷро гардида истодаанд. Далели равшани он то 27,5 % коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша иқдомҳои имконпазирро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рушду нумуи иқтисодиёти кишвар ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон дастгирӣ менамояд. Барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва устувор гардонидани мавқеи мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои иқтисодии худро дар доираи гурӯҳҳои ҳамгиро (интегратсионӣ) ва созмонҳои байналмилалиӣ, ба монанди Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони умумиҷаҳонии савдо устувор мегардонад.

Њоло соҳаҳои асосии саноатро саноати сабук, филизоти ранга, саноати кӯҳию истихроҷи маъдан, химиявӣ, мошинсозӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, коркарди сангҳои қимматбаҳо ва кишоварзиро соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ, зироатчигӣ, сабзавоткорӣ, соҳаҳои чорводорӣ ва ғайраҳо ташкил менамояд. Дар ҳалли инкишофи саноат сарватҳои табиӣ ва захираи зиёди он, аз ҷумла сарватҳои энергетикӣ ва маъданӣ мусоидат менамоянд. Дар ин замина неругоҳҳои мавҷудаи барқи обӣ аз нав таҷҳизонида ва дар оянда неругоҳҳои нав сохта мешаванд. Ин ба истеҳсолу коркарди маъдан, бунёди корхонаҳои нави маъдантозакунӣ, инкишофи васеъи соҳаҳои дигари саноат, хоҷагии қишлоқ ва нақлиёт мусоидат менамояд. Њамаи ин дараҷаи иқтисодиёти мамлакатро баланд бардошта, барои аҳолии мамлакат сатҳи баланди зиндагиро таъмин менамояд.

Рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф, кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Дар сиёсати имрӯзаи иҷтимоии Роҳбари давлат соҳаи маориф дар мадди аввал истодааст. Агар дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 70 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард ва 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дошт, ҳоло дар ҷумҳурӣ 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият намуда, зиёда аз 300 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд. Беш  аз 40000 нафар ҷавонон берун аз кишварамон  таҳсил карда, касбу ҳунар омӯхта истодаанд. Албатта,  дар ҷаҳони муосир он кишвару мамлакатҳое ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, техникаю технологияи навро ба таври васеъ дар амал истифода мебаранд.

Дар тӯли 29 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бисёр дастовардҳо ноил гардид. Аз ҷумла, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдор, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳамаи табақаи  ҷомеа ва ғайраҳо.  Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ- Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати  озоду  соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онро гиромӣ доранд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик табиатан ва таърихан  сулҳдӯст, фарҳангпарвар, созандаю  бунёдкор мебошанд ва ин сифати олиро насл ба насл ба мерос мегузорад. Бигузор, нуру зиёи истиқлолият то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ояндаи обод равшан созад ва Ватани маҳбуби мо зери парчами истиқлол пеш равад, ободу зебо, мутараққиву неруманд гардад.

Субҳон Усмонов,

устоди Донишкадаи давлатии санъати

                                   тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 

 

Ба қафо

Якшанбегӣ дар донишкада

Ба пеш

Мукофот муборак!

Ба пеш
Мукофот муборак!

Мукофот муборак!

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон