Saturday, October 11, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

ДАР ДОНИШКАДА НАМОИШИ ИНФИРОДИИ РАССОМИ МАЪРУФИ УЗБЕК ИФТИТОҲ ГАРДИД

07.10.2025

7 октябр дар Намоишгоҳи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши инфиродии асарҳои рассоми маъруфи узбек, узви Иттиҳодияи эҷодии Академияи бадеии Ӯзбекистон, узви Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон ва профессори шинохта Аслиддин Калонов таҳти унвони «Инъикоси дӯстӣ дар мусаввараҳо» ифтитоҳ гардид.

Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, ректори Донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, рассомони шинохта, омӯзгорону донишҷӯёни муассиса ва меҳмонону дӯстдорони санъати тасвирӣ баргузор шуда, ба як рӯйдоди муҳими фарҳангиву ҳунарӣ табдил ёфт.

Зимни суханронии худ ректори Донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло аҳамияти баланди санъати тасвириро ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими фарҳанг ва зеҳни эҷодии инсон таъкид намуда, зикр кард, ки рушди он дар сиёсати фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор дорад.

Ба гуфтаи ректор, ҳамкориҳои мутақобила миёни аҳли ҳунар ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои охир рӯ ба густариш ниҳодааст. Баргузории чунин намоишгоҳҳо нишонаи равшани дӯстӣ, эҳтиром ва робитаи фарҳангии ду халқи ҳамсоя мебошад.

Сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар Бекназар дар баромади худ ба равобити фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон таъкид карда, иброз дошт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир ба марҳалаи нави рушд ворид шудаанд. Ин ҳамкорӣ, ки бар пояи дӯстӣ, ҳамзистӣ ва наздикии таърихиву маънавии ду халқи бародар устувор аст, имрӯз дар бахшҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла санъати тасвирӣ, шакли амалӣ гирифтааст. Намоишгоҳҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён, ширкат дар фестивалу биенналеҳои байналмилалӣ ва баргузории рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар якдигар ба ин раванд рӯҳ ва муҳтавои тоза мебахшанд.

“Дар соҳаи санъати тасвирӣ ҳамкории ду давлат ба эҷоди муҳити созанда барои мубодилаи таҷриба ва шиносоии рассомон бо равияҳои муосир мусоидат менамояд. Рассомони тоҷик ва ӯзбек бо баргузории намоишгоҳҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ на танҳо ҳунари миллӣ, балки арзишҳои умумии фарҳангии халқҳои Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунанд. Ин робитаҳо на танҳо воситаи таҳкими дӯстӣ, балки омили муҳими рушди завқи зебоипарастӣ ва ҳамкории эҷодӣ миёни наслҳои ҷавон дар ҳар ду кишвар мебошанд”, – гуфт номбурда.

Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова низ дар баромади худ афзуд, ки санъати тасвирӣ имрӯз дар ҷаҳони муосир на танҳо воситаи офаридани зебоӣ, балки омили тавонои тарбияи завқи эстетикӣ ва ҳувияти фарҳангӣ ба шумор меравад. Ба андешаи ӯ, баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди зеҳнӣ, баланд бардоштани завқи бадеии ҷавонон ва ошноии онҳо бо равияҳои гуногуни санъати муосир мусоидат менамояд.

Дар расми ифтитоҳ гуфта шуд, ки Аслиддин Калонов 9 сентябри соли 1960 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда, яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати муосири Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Ӯ пас аз хатми Коллеҷи давлатии рассомии ба номи П. Бенков (1976–1980) ва факултети графикаи китоби Институти давлатии театрӣ ва бадеии ба номи П. Островский (1988) фаъолияти эҷодии худро оғоз намуд. Аз соли 1987 инҷониб дар намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзад.

Қайд гардид, ки осори рассом бештар дар жанрҳои графика, акварел ва рангуборӣ офарида шудаанд. Ӯ илҳоми эҷодии худро аз табиати зебои зодгоҳ, зиндагии мардум ва муҳити ҳамарӯзаи инсонӣ

Таъкид шуд, ки Аслиддин Калонов асосан дар самти композитсия дар сатҳи баланд фаъолият дошта, асарҳояш фарогири мавзӯъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Ӯ симои инсон, муҳаббати пок, зебоии табиат ва лаҳзаҳои фалсафии зиндагиро бо эҳсоси амиқ ва забони ҳунар ба тасвир мекашад.

Дар доираи намоиш асарҳои гуногуни рассом ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки ҳар кадом бо услуби хос, рангорангии ҷолиб ва мазмуни рамзӣ фарқ мекунад. Бинандагон аз тамошои ин асарҳо на танҳо зебоӣ, балки андеша ва маънои амиқи инсоншиносиро эҳсос намуданд.

Дар хотимаи маросими расмӣ худи рассом қайд кард, ки намоишгоҳи «Инъикоси дӯстӣ дар мусаввараҳо» ҳамчун рамзи дӯстии ду миллат – тоҷикону ӯзбек ифодаи возеҳи робитаҳои фарҳангии мутақобила аст. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба рушди санъат, балки ба таҳкими ҳамсоягии дӯстона ва ваҳдати маънавии халқҳои минтақа мусоидат мекунанд.

Ба қафо

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ДАР ДОНИШКАДА НАМОИШИ ИНФИРОДИИ РАССОМИ МАЪРУФИ УЗБЕК ИФТИТОҲ ГАРДИД 07.10.2025
  • ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» 06.10.2025
  • ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ОМӮЗГОР – ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ 04.10.2025
  • ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМӮЗГОР ВА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШКАДА 03.10.2025
  • МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ДӮСТДОРОНИ КИТОБ” БАРГУЗОР ГАРДИД 01.10.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон