26 ноябри соли равон бо ташаббуси Раёсати Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъсири байнифарҳангӣ дар санъати миниатюра: нақши Камолиддини Беҳзод» бахшида ба 570-солагии ин мусаввири барҷастаи тоҷик баргузор гардид.
Дар конфронс ректори Донишкада Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, ректори Донишкадаи давлатии фаҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Назарзода Маҳмуд Мирзо, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Давлатзода Баҳодур Давлат, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Бозоров Умедҷон Муродович, муовинони ректор, сардорони шуъбаву бахшҳо, омӯзгорону кормандону донишҷӯёни муассиса ва муҳаққиқону олимони соҳа иштирок намуданд.
Қабл аз оғози қисмати расмии конфронс дар намоишгоҳи Донишкада намоиши асарҳои омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар жанри миниатюра доир гардид.
Сипас, қисмати расмии ҳамоиш доир гардид. Нахуст, ректори Донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо оғози марҳилаи нави давлатсозӣ набуда, давраи бозёфт ва эҳёи мероси фарҳангию ҳунарии миллати тоҷик гардид ва маҳз дар ин замина, шинохт, таҳқиқ ва муаррифии мероси нобиғаи санъати миниатюраи тоҷик Камолиддини Беҳзод ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва арзишманди сиёсати фарҳангии давлат муқаррар шуда, танҳо дар шароити давлатдории мустақил аҳамияти ҷаҳонии Беҳзод ҳамчун чеҳраи барҷастаи санъати Шарқ боз аз нав таҷдид ва ба таври мукаммал таҳқиқ карда шуд.
“Баъди соҳибистиқлолӣ диққати махсус ба таҳқиқи мактаби рассомии Беҳзод равона гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати таҷдиди мероси миллию маънавӣ, чандин барномаҳо, ҳамоишҳо ва конфронсҳои илмӣ дар ин самт баргузор шуданд. Китобҳо, тадқиқотҳо, рисолаҳои илмӣ ва каталогҳои махсус рӯи кор омаданд, ки дар онҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, ҳунар, услуб ва ҷаҳонбинии Беҳзод мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифтанд. Пажӯҳиши миниатюраҳои ӯ дар манотиқи гуногуни кишвар ва бозгардонидани арзишҳои парокандашуда маҳз дар заминаи истиқлол имконпазир гардид. Ҳамин тавр, Истиқлол барои муаррифии байналмилалии Беҳзод имкониятҳои нав кушод. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои мероси беназири рассомӣ шинохта шуд, миниатюраи тоҷикӣ ва мактаби Беҳзод дар барномаҳои фарҳангии ЮНЕСКО, осорхонаҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ муаррифӣ гардида, соли 2001 бо пешниҳоди Ҳукумати кишвари мо ЮНЕСКО 550-солагии Камолиддини Беҳзодро ҷашн гирифт ва дар ин замина, дар бораи шахсият ва эҷодиёти ин мусаввири номвар китобу рисолаҳои алоҳида таълиф ёфтанд”, – гуфт ректор.
Дар идомаи ҳамоиш Ҳаётзода Алиакбар Бекназар суханронӣ намуда, зикр кард, ки Камолиддини Беҳзод яке аз шахсиятҳои камназири арсаи санъати миллати тоҷик аст, ки бо нубуғи эҷодӣ ва ҷаҳонбинии бадеии худ санъати асили тоҷикро ба авҷи камол расонда, яке аз бузургтарин намояндагони мактаби миниатюраи шарқ, чеҳраи марказии санъату фарҳанг ва ҳунари миллии тоҷикон дар тӯли чандин асрҳо ба шумор меравад.
“Беҳзод бо забон, муҳтавои фикрӣ ва эстетикаи хоси худ мактаби рассомиро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард ва нишон дод, ки санъати тоҷик дорои заминаи устувори тафаккури бадеӣ, рамзшиносӣ ва завқи зебоипарастии воло мебошад. Асарҳои ӯ то имрӯз ҳамчун намунаҳои олии ҳунари миниатюра шинохта мешаванд, зеро тасвирҳояш бо рангорангии нозук, мутаносибии композитсионӣ ва образҳои зинда зеҳни тамошобинро мафтун карда, ҷаҳонбинии миллии тоҷиконро таҷассум месозанд. Ӯ фарҳанги китобсозӣ, ривояти адабиёти классикӣ ва рӯҳи хирадмандонаи суннатҳои ориёиро дар шакли бадеӣ ба оламиён пешкаш намуд. Ин буда, ки саҳми ӯро дар ташаккули ҳувияти бадеии тоҷикон бениҳоят калон мегардонад”, – гуфт номбурда.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ доктори илмҳои таърих, профессор Додхудоева Лариса Назаровна дар мавзӯи “Мантиқи санъати тасвирии Камолиддин Беҳзод: замина ва маъниҳои пинҳонӣ” суханронӣ карда, гуфт, Беҳзод бо истеъдоди фавқулодаи хеш дари санъату ҳунари миллиро барои ҷаҳониён боз намуд, ки минбаъд фарҳангҳои дигар халқиятҳо аз мактаби рассомии ӯ таъсир гирифтанд ва ин далели нуфузи баланди эстетикии санъати минатюраи халқи тоҷик аст.
“Бо шарофати Беҳзод санъати миниатюраи тоҷик ба унсури ҷудонашавандаи фарҳанги умумибашарӣ табдил ёфт ва имрӯз дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангии чандин кишварҳо ҳамчун арзиши волои миллӣ ва таърихии тоҷикон муаррифӣ мешавад. Бинобар ин, мавқеи Камолиддини Беҳзод дар муаррифии санъати асили тоҷик беназир аст: ӯ на танҳо ҳунарманд, балки пайвандгаре буд миёни таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ. Осори ӯ имрӯз низ ҳамчун яке аз пурқувваттарин василаҳои шинохти фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хизмат мекунад”, – гуфт муаллима.
Дар идомаи ҳамоиш, профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, муаллими фахрии Россия, доктори илмҳои таърих Муҳидинов Саидалӣ Раҷабович дар мавзӯи “Миниатюраҳои асримиёнаи форсӣ-тоҷикӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ”; доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Франсис Ришар дар мавзӯи “Беҳзод ва Осиёи Миёна” аз Фаронса тариқи маҷозӣ; мудири шуъбаи таърих, илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ Қурбоналӣ дар мавзӯи “Саҳми Муқаддима Ашрафӣ дар таҳқиқ ва муарифии осори Камолиддин Беҳзод” маърӯза намуданд.
Дар давоми рӯз конференсия аз рӯи бахшҳои “Усулҳои бадеӣ ва рамзхо дар миниатюра” ва “Нақши миниётураҳо дар интиқоли дониши таърихӣ” идома кард, ки дар он олимону муҳаққиқон аз дохилу кишварҳои хориҷӣ тариқи маҷозӣ маърӯза намуданд.
Раёсати Донишкада тасмим гирифт, ки мақолаҳои ба конфронс фиристодашударо дар шакли маҷмӯаи алоҳида чоп карда, пешкаши муҳаққиқони соҳа гардонад.

