Monday, June 2, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Конференсияҳо

ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ОЯНДАИ ТАҲСИЛОТИ ЭҶОДӢ: НУҚТАҲОИ БА ҲАМ ОМАДАНИ САНЪАТ, ИЛМ ВА ДИЗАЙН» КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

23.05.2025
492104073_1900056454101509_3752486112114385789_n492104073_1900056454101509_3752486112114385789_n
492307639_1900056857434802_3864289264079557745_n492307639_1900056857434802_3864289264079557745_n
492345240_1900056977434790_1759789638718852531_n492345240_1900056977434790_1759789638718852531_n
492481307_1900056984101456_3555774215428824398_n492481307_1900056984101456_3555774215428824398_n
492697623_1900056860768135_179036643087912432_n492697623_1900056860768135_179036643087912432_n
493004709_1900056854101469_2585450607218846217_n493004709_1900056854101469_2585450607218846217_n

Саннаи 23-юми апрели соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Ояндаи таҳсилоти эҷодӣ: нуқтаҳои ба ҳам омадани санъат, илм ва дизайн» конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ, номзади илмҳои таърих, профессор Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз баргузории конференсияи мазкур аз он иборат аст, ки муҳити илмӣ ва эҷодиро барои мубодилаи таҷриба ва андешаҳои муосир миёни олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои санъат, дизайн ва илм фароҳам оварад.

“Ин ҳамоиш имкони таҳқиқ ва баррасии равандҳои навини рушди таҳсилоти эҷодӣ ва имкониятҳои муттаҳидсозии донишҳои илмӣ ва эҷодиро дар шароити замони муосир фароҳам месозад. Ҳамзамон, муайян намудани нуқтаҳои ба ҳам омадани соҳаҳои санъат, илм ва дизайн, тарҳрезии роҳҳои нави ҳамкорӣ ва ҳамгироии онҳо дар муҳити таълим ва тарбия аз вазифаҳои муҳими чорабинӣ ба ҳисоб меравад”, – гуфт Бахтиёр Одиназода.

Дар идомаи чорабинӣ Алиакбар Ҳайётзода, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, зикр намуд, ки баргузории ин конференсия ба тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ ва ташкилотҳои фарҳангиву эҷодӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад. Аз ҷумла, майдони мазкур ташаккули малакаҳои таҳлилӣ ва эҷодии донишҷӯёнро тақвият бахшида, омода намудани мутахассисони дорои ҷаҳонбинии илмӣ ва завқи бадеии замонавиро ҳадаф қарор додааст.
Дар қисми ифтитоҳии конференсия маърӯзаҳои илмии мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Субҳон Усмонов дар мавзӯи “Нақши санъати ороиши амалӣ дар таълим ва тарбияи донишҷӯён”, муаллими калони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Шарофудинзода Садафи Сафомудин дар мавзӯи “Заминаҳои инкишофи фаъолияти иқтисоди хориҷии корхонаҳо” ва омӯзгори кафедраи дизайни дохили бино ва таҷҳизоти Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург Семенова Марина Николаевна дар мавзӯи “Санъати интерактивӣ: чӣ гуна технологияҳо мутақобиларо бо асарҳои санъат тағийр медиҳанд” (бо таври маҷозӣ) шунида шуданд.

Баъди қисмати ифтитоҳӣ кори конференсия дар чор бахш: Мероси миллӣ ва рушди устувор тавассути санъат ва илм; Маорифи Steam: мутобиқсозии таҷрибаи ҷаҳонӣ ба шароити иловагӣ; Рушди иқтисоди эҷодӣ ва рақамисозӣ дар Тоҷикистон ва дизайн ҳамчун забони оянда: нақши он дар маориф идома ёфт.

Дар конференсия беш аз аз 70 маърӯзаи илмӣ пешниҳод шуданд. Дар ин қисмати ҳамоиш дар баробари омӯзгорону магистрони Донишкада, ҳамзамон, омӯзгорон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Масква ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ иштироку суханрноӣ намуданд.
Дар чорабинӣ омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург, Институти дизайни муҳити фазоӣ, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии меъморӣ, дизайн ва санъати Новосибирск ба номи A. Д. Крячкова, Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро, Донишгоҳи “ЯНГИ АСР”-и шаҳри Тошкент ва Институти меъморӣ ва санъати Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд. Дар маҷмӯъ, дар конференсия аз донишгоҳҳои хориҷи кишвар 17 маърӯза пешниҳод гардид.

Дар хотимаи ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки маърӯзаҳои дар конференсия пешниҳодгардида баъди мукаммалгардонӣ дар шакли маҷмӯаи алоҳидаи мақолаҳои илмӣ чоп карда шаванд.

Ба қафо

ТАЪЗИЯ

Ба пеш

ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД

Ба пеш
ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД

ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ҶАШНИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШКАДА КАМОЛЗОДА ОЛИМ АЪЗАМ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 05.05.2025
  • ШИНОСИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО АСАРҲОИ РАССОМИ ОЛМОНӢ ГЮНТЕР УЭКЕР 05.05.2025
  • ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 01.05.2025
  • ҚАДРДОНИИ КОРМАНДИ ДОНИШКАДА АЗ ҶОНИБИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 26.04.2025
  • ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШКАДА АЗ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ГУЗАШТАНД 26.04.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон