Дар кафедраи тарҳрезии бадеии либоси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои донишҷӯёни курсҳои 1 то 4, ихтисоси дизайни костюм ва газвор таҳти назари мудири кафедра Сотникова М.И, муовини декани факултети дизайн оид ба тарбия ва илм Сафарова З.А., сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия Қобилова М.П дарси маҳорат гузаронида шуд. Ба донишҷӯён омӯзгорони варзида Ҷонбекова Н.Т. ва Инҷилои Шариф тарзи дурусти банақшагирӣ ва ба қисматҳо ҷудо кардани моделҳо, тасвири онҳо бо ҳаракатҳои гуногун дар шаклҳои калону хурдро фаҳмониданд.
Дарси маҳорат аз нигоҳи устодони кафедра бо истифода аз воситаҳои айёнӣ хеле ҷолиб ҷараён гирифта, донишҷӯён аз он бисёр чизҳои нав омӯхтанд.
Чунин дарсҳои маҳорат аз оғози соли нави таҳсил дар ҳамаи кафедраҳои донишкада зуд-зуд баргузор гардида, ҷиҳати базудӣ азбар кардани донишҳои касбӣ ва нозукиҳои ҳунар ба касбомӯзон кӯмак мерасонанд. Ҳафтае қабл низ ҳамин гуна як дарси хуби маҳорат бо донишҷӯёни гуруҳи А, Б, В, ихтисоси дизайни костюм ва газвор, оид ба тарзи дурусти таҳияи як қисми либос, аз ҷумла кисса ва буриши он, аз ҷониби мудири кафедра Сотникова М. И. дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуда буд.
Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз дарси маҳорат