Имрӯз дар асоси нақшаи корӣ ва ҷадвали фоизбандии хатмкунандагони бахши магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкада, ки аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.т., дотсент Одиназода Б.Э., тасдиқ шудааст, ҷиҳати назорат ва дар амал татбиқ намудани иҷроиши корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва эҷодии магистрантон дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ фоизмуайянкунии иҷрои рисолаҳои хатм бо ҳузури ҳайати комиссия ва роҳбарони илмӣ ташкил карда шуд.
Ҳайати комиссия рафти иҷроиши қисмати корҳои илмӣ ва эҷодии рисолаи хатми магистрантони ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, дизайни дохили бино, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, манзаранависӣ ва санъатшиносиро муҳокима намуда, барои рафъи камбудиҳо ба магистрантон тавсияву машваратҳои судманд доданд.
Бахш дар асоси нақшаи корӣ бо ҳамоҳангии кафедраҳои тахассусӣ тасмим дорад, ки то санаи пешдифоъи рисолаҳои магистрӣ, яъне 20-уми майи соли ҷорӣ як маротибаи дигар фоизбандӣ дар сатҳи раёсати Донишкада баргузор намуда, магистрантонро пурра ба ҳимоя омода намояд.