Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври ниҳоии донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.
Даҳ нафар донишҷӯёни факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн аз рӯи чор номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон дониши худро ба намоиш гузошта, ҳайати комиссияи озмунӣ аз миёни онҳо 4 нафар – Мунисаи Нуриддин (аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик), Мадина Рофиева ва Нилуфар Раҳмонзода (номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик), Маҳваш Садриддинова (хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон)- ро сазовори дарёфти роҳхат ба даври ноҳиявии озмун донистанд. Ба озмуни мазкур, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён аст, аз рӯзҳои нахустини эълон гардидани он диққати ҷиддӣ дода мешавад.