Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Дар робита ба ин, санаи 12 апрел дар факултети дизайн ва 15 апрел дар факултети санъати тасвирӣ озмун гузаронида шуда, ғолибон ба даври донишкадавӣ роҳхат гирифтанд.
Даври донишкадавии озмун 21 апрел баргузор гардида, ғолибон ба даври навбатии ноҳиявӣ пешниҳод мешаванд.