Имрӯз, 08 ноябри соли 2022 дар доираи тайёриҳо ба таҷлили ҷашнгирии 30-солагии Иҷлосияи XVI, Маҷлиси олии ҷумҳурӣ (даъвати дувоздаҳум) ва Рӯзи Президент дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрӣ бо собиқ депутати Шӯрои олии Ҷумҳурӣ, иштирокчии ҳамин иҷлосия Мусоева Рафиқа Ғаниевна вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро бо маърӯзаи ифтитоҳӣ н.и.п., дотсент Усмонов С. оғоз намуда, дар бораи нақши Иҷлосия дар таърихи Ҷумҳурии Соҳибистиқлол маълумот дод.
Сипас, Мусоева Р. Ғ. таассуротҳояшро аз рафти иҷлосия ва нақши Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати муосири тоҷикон хеле шавқовару ҷолиб нақл намуд.
Дар охир ректори Донишкада н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ба муаллима Мусоева Р. Ғ. барои нақли пурмазмун арзи сипос намуда, маҳсули дасти шогирдон, мусаввараи “Манзараи Тоҷикистон”-ро туҳфа намуданд.