Санаи 19.04.2019 дар донишкада дар асоси нақшаи чорабиниҳо вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Намояндагони Кумита: Адолат Ҷурабоевна – собиқадори меҳнат, Мамадалиева Сабоҳат – сардори шуъбаи иттилоотӣ, Рудобаи Муккарам – муовини Кумитаи иҷроияи ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳангоми вохӯрӣ дар бораи мавқеи зан дар ҷомеаи имрӯза, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани нақши зан дар замони имрӯза, риояи расму одатҳои миллӣ, роҳ надодан ба бегонапарастӣ ҳангоми либоспӯшӣ, мавқеи оилаи солим дар рушди ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.