27.08.2020 тибқи нақша-чорабиниҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикитсон ва нақша-чорабиниҳои донишкада бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ гузаронида шуд. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиева Ҷ.Ч. ҳусни оғоз бахшид. Намояндагон аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҷабзода Б.Ш. ва подпалковники милитсия Назарзода Ш.А. дар мавзӯъҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷумла Covid-19 ва хатарҳои ҷомеаи имрӯза, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу равияҳои хусусияти террористию экстремистидошта, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш доданд. Дар чорабинӣ бори дигар дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид.