Ҳамкорӣ миёни маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бояд, ки шакли анъанавӣ гирад. Донишҷуёни ин даргоҳи илму ҳунар бояд дар озмуни “Хорпуштак” барои карикатура, шарж ва комикси беҳтарин фаъолона иштирок намоянд. Зеро Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона таълимгоҳест, ки ин жанрҳои санъати рассомиро ба таври мукаммал меомӯзонад. Илова бар ин, ҳунармандони санъати карикатура дар ҷумҳурӣ ниҳоят ангуштшуморанд ва ҷойи холии онҳо бояд аз ҳисоби хатмкунандагони ДДСТДТ пур карда шавад.
Бо ҳамин ният сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии ҷумҳуриявии “Хорпуштак” Ашрафи Афзал ва саррасоми маҷалла Хайрулло Давлатов имрӯз – 4 март дар толори донишкада бо донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ вохӯрда, арзи матлаб намуданд.
Хайрулло Давлатов ба донишҷӯён роҷеъ ба жанри карикатура, дарку дарёфти мазмуну мундариҷа, моҳияти асар ва мақсади пешгузоштаи муаллиф андешаронӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки бештар дар мавзўъҳои иҷтимоӣ асар эҷод кунанд.
-Мунтазам ба роҳ мондани ин ҳамкорӣ метавонад натиҷаи дилхоҳ ба бор оварад, – мегӯяд декани факултети санъати тасвирӣ Меҳриддини Абдусаид. – Карикатуристҳои мо имрӯз воқеъан дар ҷумҳурӣ каманд. Ва донишҷуёне, ки ҳоло дар донишкадаи мо таҳсил мекунанд, албатта, на ҳама рассоми зинданавису график шуда метавонанд . Мумкин аст, ки баъзеҳо дар карикатура роҳи эҷодии худро пайдо кунанд. Бинобар ин, метавон ҳадс зад, ки ин ҳамкорӣ хеле самараовар хоҳад шуд.