Дар асоси Нақша-чорабиниҳои донишкада ва бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои сироятӣ, санаи 12 ноябри соли 2019 дар толори донишкада вохӯрии намояндагони соҳаи тандурустӣ бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Хадамоти назорати давлатии муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат варзиданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба сабабҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ намудани он матраҳ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ миёни донишҷӯёну меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт.