Таҳти роҳбарии муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шарифзода Манучеҳр Муртазо, сардори раёсати фарҳанги дастгоҳи марказии вазорат- Хуршед Низомов, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода- профессор Муҳриддин Низомӣ, муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.т., дотсент Одиназода Б.Э. бо кормандон ва масъулони шуъба, бахшҳои фарҳанг ва маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷихати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шарифзода Манучеҳр Муртазо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон- н.и.т., дотсент Одиназода Бахтиёр Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Таъкид мебояд намуд, ки барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон саъю талош менамоянд.
ш. Хоруғ
Марти соли 2024