Санаи 29-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ҳайдаршозода Диловар, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон – н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва сардори Раёсати фарҳанг дар Вилояти Суғд- Бахтиёр Қосимов бо кормандон ва масъулони раёсат, шӯъбаҳо, бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумхуриявии “ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Зимни суханронӣ дар семинари мазкур профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат бо мақсади шарҳи муфассали талаботҳои озмун ва муаррифии намунаи корҳои эҷодӣ дар номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн, ҳамзамон жанрҳои он, ки барои довталабон ва иштирокчиёни сину соли мухталиф муқаррар гардидааст, дар доираи Низомнома, Талабот ва тартиби иштирок дар номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ҳамчун замима ба Дастурамали тавсиявии Озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон-Ватани азизи ман тасдиқ шудааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, иштирокчиёни семинарро аз таъғиру иловаҳо дар Низмномаи озмун дар соли ҷорӣ шинос намуданд.
Хотирнишон намудан ба мавридаст, ки
тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 №АП-479 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» дар соли 2024 ба тасвиб расида буд, хушбахтона соли дуюм аст, ки довталабон аз рӯйи номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн дар озмуни мазкур ширкат меварзанд. Иқдоми мазкур натанҳо барои омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, балки барои тамоми довталабони қобилияти баланди эҷодӣ дошта, чеҳраҳои зебоиофар дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, ҳамзамон баҳри кашфи беҳтарин чеҳраҳои соҳибистеъдод ва соҳибзавқу хушсалиқа дар соҳаи мазкур метавонад заминаи мусоидро фароҳам оварад.
Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои мазкур камари ҳиммат баста, барои ҷалби бештари довталабон ба озмуни мазкур саъю талош менамояд.
шаҳри Хуҷанд
30.03.2024