Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 №АП-329 дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «ТОҶИКИСТОН- ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» аз санаи 26-уми сентябри соли ҷорӣ то имрӯз даври ҷумҳуриявии озмун аз рӯйи номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли панҷ сол аст, ки баргузор карда мешавад. Боиси хушнудист, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дар миқёси ҷумҳурӣ имрӯз мизбони баргузории чунин як озмуни сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ гардидааст. Дар даври ниҳоии озмун аз рӯйи номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат 181 нафар аз руйи жанрҳои санъати тасвирӣ, санъати ороиши амалӣ, графика ва миниатюра, дизайни дохили бино, дизайни графикӣ, дизайни реклама, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ дар доираи синну соли аз 12 то 17 ва аз 18 то 40- сола иштирок намуда истодаанд. Аз ҷараёни баргузори даври ниҳоии озмун мушоҳида мегардад, ки ҳар як иштирокчӣ ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумиро дастурамали фаъолият қарор дода, бо маҳорату малакаи эҷодкорӣ ва салиқаи баланди зебоиофарӣ онро дар амал тадбиқ намудаистодаанд. Онҳо ба ин васила дар муаррифии олами пурғановати санъати тасвирӣ ва дизайн, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин вижагиҳои хоси фарҳанги миллати соҳибтамадуни тоҷикон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бо итминон метавон гуфт, ки ташкил ва баргузории озмуни мазкур метавонад барои дарёфти эҷодкорони дорои қобилияти баланд, чеҳраҳои нави зебоиофар, омода намудани мутахассисони баландихтисос, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар маҷмӯъ рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайнро дар Тоҷикистони азиз таъмин намуда, онро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.