Friday, February 20, 2026
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО УСУЛИ «ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ» ВА «КУРС БА КУРС» ДАР ДОНИШКАДА

19.02.2026

Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии аъзои гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯён бо усули «Факултет ба факултет» ва «Курс ба курс» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ, Олимҷон Забирзода, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Гулзод Маҳкам Ҷумъа, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Шакаров Шакар, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мирзошариф Абдусаломов, сармутахассиси шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шарипов Эмомалӣ, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, Неъматова Манижа, мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Наврӯз Саидов, сардори шуъбаи ҷавонони Донишкада иштирок намуданд.
Вохӯриро Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии чорабинӣ тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.
Дар идома иштирокдорон вобаста ба татбиқи Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 6 январи соли 2026, 1 ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ибрози назар карданд. Таъкид гардид, ки иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ дар самти таълиму тарбияи ҷавонон бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ қарор дошта бошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии муноқишаҳои гуруҳии донишҷӯён, шомилшавии наврасону ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, муқовимат бо маблағғундории ғайриқонунӣ ва нашъамандӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ташаккули идеологияи солим мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки вазъи мураккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як ҷавон масъулияти баланди шаҳрвандӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси худшиносии миллиро талаб менамояд.

Ҳамзамон, доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар ташаккули масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ карда шуд. Қайд гардид, ки дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврасу ҷавон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар баробари ин, масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми омӯзгор», баргузории дарсҳои тарбиявӣ дар гуруҳҳои академӣ, ташкили чорабиниҳои таълимию маърифатӣ ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ба донишҷӯён аҳамияти тарзи ҳаёти солим, роҳандозии машқҳои пагоҳирӯзӣ, таҳкими саломатӣ, пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, тамокукашӣ ва маводҳои нашъаовар, инчунин риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ба таври мушаххас фаҳмонида шуд.
Иштирокдорон таъкид карданд, ки баргузории вохӯриҳо бо усули «Факултет ба факултет» ва «Курс ба курс» имкон медиҳад, ки масъалаҳо бевосита дар муҳити таълимӣ ва бо иштироки фаъоли донишҷӯён баррасӣ гарданд. Чунин шакли корбарӣ ба таҳкими ҳамкориҳои дохилидонишгоҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Дар анҷоми ҷаласа зикр гардид, ки мулоқоту вохӯриҳои мунтазам дар доираи усулҳои мазкур барои тақвияти корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати идомаи чунин мулоқотҳои судманд изҳор намуда, баргузории онҳоро дар факултаву курсҳо муҳим арзёбӣ карданд.
Ба қафо

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рубрикахо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ БО УСУЛИ «ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ» ВА «КУРС БА КУРС» ДАР ДОНИШКАДА 19.02.2026
  • АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 12.02.2026
  • ҲАМОИШ ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 08.02.2026
  • МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 05.02.2026
  • ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 04.02.2026
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37; 227 58 77; 227 58 73
Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Роҳбарият
    • Шӯрои олимон
      • Маълумот
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
    • Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон