Конфренсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки давоми рӯзҳои 10-13 июн дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд гузаронида шуд. Ҳадафи асасии конференсия табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад.
Конференсияи байналмилалӣ бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи обу иқлим ва экология ҷалб намуд.
Дар кори Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд зиёда аз 2 ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуд. Маълум аст, ки бе рушди ҳамкорӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем мушкилоти мураккаби вобаста ба обро ҳал намоем. Зеро, бо зиёд шудани шумораи аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об боиси афзоиши рақобат барои об байни бахшҳо, ҷомеаҳо ва кишварҳо гардидааст. Аз ин рӯ, зарурати ташаккули ҳамаҷонибаи ҳамгироӣ дар масъалаи обу иқлим ба миён омадааст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, омода намудани хӯрок, шустушӯи манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо, бо истифода аз дарёҳо истеҳсоли нерӯи барқ ва ғайра истифода мебарад. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар дунё зиёда аз 276 дарёҳои фаромарзӣ ва зиёда аз 270 ҳавзаҳои зеризаминии обии фаромарзӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон 261 ҳавзаҳои обӣ дар ҳудудҳои ду ва зиёда давлат ҷойгир шудаанд, ки аз ин шумора 70 ҳавзаи обӣ дар Аврупо, 53 ҳавзаи обӣ дар Осиё, 39 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Марказӣ ва Шимолӣ, 38 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ва 60 ҳавзаи обӣ дар Африка ҷойгир мебошанд. Аз ин нишондиҳанда 155 ҳавзаи обӣ байни ду давлат ва зиёда аз 100 ҳавзаи дигар байни зиёда аз се давлат тақсим мегарданд. Ҳамзамон 75 фоизи масоҳати 50 давлати дунё дар ҳудудҳои дарёҳои фаромарзӣ ва ё сарҳадгузар ҷойгир мебошанд. Об ҳамчун воситаи тавонои бунёди сулҳ мебошад. Аз ин рӯ, дипломатияи об ҳамчун воситаи муҳими таъмини идоракунии самаранок, устувор ва одилонаи захираҳои муштараки об, таъмини мувозинати манфиатҳои марбут ба истиқлолияти миллӣ ва ҳамзамон таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ фаҳмида мешавад.
Маҷмуи васеи воситаҳои дипломатияи об аз таъсиси платформаҳои муштарак ё ташкили гурӯҳҳои кории муштарак, ки ба муколама, мубодилаи маълумот ва иттилоот имкон медиҳанд ва дар ниҳоят ба созиш дар бораи идоракунии муштараки захираҳои ягонаи обӣ оварда мерасонанд, иборат ҳастанд. Тавре маълум аст, қисми мутлақи давлатҳои ҷаҳон дар ҳудуди фарогири ҳавзаҳои ягонаи обӣ ба вуҷуд омадаанд ва дорои дарёҳо ва дигар объектҳои оби умумӣ ё муштарак мебошанд. Чунин воқеияти ҷуғрофӣ дар раванди зиёдшавии бамаротиби талабот ба об ва шиддатёбии рақобат барои дастрасӣ, идоракунӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ болои он давлатҳои дорои ҳавзаи ягонаи обиро водор намудааст, ки шартномаҳои зиёдеро ба имзо расонанд ва миёни ҳам ба тавофуқот расанд. Дар ин замина, кишварҳо ба категорияҳои «болооб», «миёнаоб» ва «поёноб» ҷудо гардида, давлатҳои поёноб бо миёнаобу болооб ва давлатҳои миёнаоб бо давлатҳои болооб ба таври ногузир ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд. Маҳз ҳамин раванд боиси пайдоиш ва марҳила ба марҳила ташаккул ёфтани шакли классикии дипломатияи об гардида, он аз фаъолияти дастҷамъонаи одамон ҷиҳати бунёди инфрасохтори гуногуни обрасонӣ то шакли муосири ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи обро фаро мегирад. Ҳамкории байналмилалӣ байни давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилоти байналмилалӣ доир ба дарёфти роҳҳои ҳали мушкилоти ҷаҳонии об ва дигар мушкилоти вобаста ба он ба роҳ монда шудааст. Ҳамкории мазкур бештар дар доираи санадҳои қабулнамудаи ниҳодҳои байналмилалӣ, ки тибқи онҳо давлатҳои ҷаҳон уҳдадориҳои муайянро ба зимма мегиранд, ба роҳ монда мешавад. Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои гуфташуда таърихи дароз дошта, соҳаи об аз аввалин соҳаҳое аст, ки дар таърих вобаста ба он созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд. Ин шартномаҳо дар даҳсолаи охири асри XX ва давоми асри XX1 ба маротиб зиёд гардида, ҳамкорӣ на танҳо байни давлатҳои алоҳида, инчунин дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ дар шакл ва мазмуну муҳтавои фарогири тамоми масъалаҳои вобаста ба об амалӣ мешаванд. Маълум мегардад, ки дипломатияи об воситаи амалигардонии сиёсати хориҷии давлатҳо оид ба масъалаҳои об, ки маҷмуи тадбирҳои амалӣ, усулҳои бо назардошти шароити мушаххас ва хусусияти вазифаҳои ҳалшаванда, татбиқшаванда, инчунин фаъолияти расмии роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳо, ниҳодҳои махсус ё намояндагони давлат дар татбиқи сиёсати берунӣ оид ба масъалаҳои об ва ё фаъолияти касбии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба ифода намудан ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони он оид ба масъалаҳои об дар муносибат бо дигар давлатҳо мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дарёҳои фаромарзӣ дар ташаккули муносибатҳои байнидавлатию минтақавӣ ва дар маҷмуъ муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, қисми таркибии онро ташкил менамоянд. Имрӯз бо назардошти мураккабшавии тамоми масъалаҳои вобаста ба об, махсусан тағйирёбии иқлим, коҳишёбии захираҳои оби тозаи нӯшокӣ ва дар ин баробар рушди демографию саноатии ҷаҳон, густариш бахшидани ҳамкории вобаста ба истифодаи оқилонаю одилонаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ ва ҳифзи онҳоро тақозо месозад. Мавҷудияти созиш ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳо дар доираи ҳавзаҳои ягонаи обии дарёҳои фаромарзӣ шарти зарурии ҳифз, нигоҳдошт ва таҳкими анияту суботи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки давлати мо бо ташаббусҳои созандаву саривақтӣ зери роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои об, иқлим ва экологияи минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардум арзёбӣ намудааст. Норасоии об, тағйирёбии иқлим ва буҳронҳои экологӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли он талош дорад.
Субҳон Усмонов, Ф. Ҳаитов, Н. Шарипов,
устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон