Дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони факултети дизайн бахшида ба 28-солагии Артиши миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Декани факултет Субҳон Усмонов дар назди ҳозирин бо маърӯза дар мавзуи “Артиши миллӣ-асоси пойдории Ватан” баромад кард. Сипас, донишҷӯёни факултет дар васфи Артиши миллӣ ва Ватан-Модар шеърҳо қироат намуда, бо намоиши саҳначаи “Нома ба модар” ва ҳунари овозхонӣ хотири иштирокдорони ҷамъомадро болида гардонданд.