Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки таҳти раёсати раиси Шӯро, ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ҷ. Ғанизода 30 апрел доир гардид, ҳисоботи мудири кафедраи “Дизайн ва меъморӣ” Э. Суюнов оид ба фаъолияти кафедра,  ахбороти сардори шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия М. Қобилова дар бораи ҷамъбасти конференсияи апрелии соли 2022 ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ роҷеъ ба ҳолати омодагии рисолаҳои хатмро шунида, инчунин масъалаҳои ҷорӣ оид ба фаъолияти шуъбаи банақшагирӣ ва ояндабинӣ, рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон дар соли таҳсили 2021-2022, тасдиқи ҳайати комиссияи аттестатсионии дохилидонишкадавӣ, шиносоӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2022 №05/3 ва дигар масъалаҳоро мавриди муҳокима ва ҳаллу фасл қарор дод.

Доир ба масъалаҳои муҳокимашуда мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ С. Усмонов, декани факултети дизайн М. Холов, муовини ректор оид ба таълим Ҷ. Худойбердиева, мудири кафедраи санъатшиносӣ Ш. Сайфуллоева, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод А. Эшонқулов, декани факултети санъати тасвирӣ М.  Абдусаид ба музокира баромада, дар маҷмуъ аъзои Шӯро бо як овоз ҳолати иҷрои корҳо дар масъалаҳои муҳокимашударо қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.