Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: ҚАДАМИ НАВУ МУҲИМ ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБА

27.03.2025

482324735_1860936994680122_390288377626890837_n482324735_1860936994680122_390288377626890837_n
484791692_1867312984042523_4264559382915494557_n484791692_1867312984042523_4264559382915494557_n

Дар фарҳангу тамаддуни бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ҷавҳари некиву накӯкорӣ, эҳтирому ҳусни ҳамсоядорӣ, қадру қиммати инсон ҷойгоҳи хоса дорад. Падарону бобоёни мо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки меҳру муҳаббат ва рафоқатро болотар аз ҳама чиз дониста, бо ҳамсоягон муносибати хуби некбинона намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикстон сиёсати хориҷии худро аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи сулҳу дӯстӣ ва ҳамдилӣ бо ҳама кишварҳо ба роҳ монда дар байни миллатҳои ҷаҳон шинохта шудааст. Чун ба таърихи давлатдории тоҷикон назар андозем мебинем,ки шахсиятҳои бузург ба монанди Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигарон, ки ҳамеша сулҳу дӯстӣ ва рафоқатро мехостанд ва барои поянда будани он талош меварзиданд, аз худ номи нек ба наслҳо гузоштаанд.
Дар таърихи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Яке аз чунин рӯйдодҳои муҳиму тақдирсоз барои миллати сулҳпарвари тоҷик бозкушоии гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад, ки санаи13-уми марти соли 2025 бо иштироки сарони ҳар ду давлат, роҳбарият ва сокинони шаҳру деҳоти вилоятҳои наздимарзии ҳарду кишвар баргузор гардид.

Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми рӯзҳои 12-13 марти соли 2025 ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари давлатӣ анҷом доданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров хуш истиқбол гирифта шуд.

Бояд қайд намуд, ки ин сафар барои ҳар ду давлати ҳамсоя саҳифаи нави таърихӣ ва барои рушду густариши муносибатҳои дипломатии минбаъда байни Тоҷикистону Қирғизистон, беҳсозии иқтисодиёт ва шароити зисти мардуми ҳар ду кишвар, ривоҷи ҳамкориҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва ниҳоят баҳри таҳкими сиёсатҳои сулҳҷӯёна ва дипломатияи бародарӣ, шарикии стратегӣ роҳи навро кушод. Воқеан, кушодашавии марз барои мардуми ҳам тоҷик ва ҳам қирғиз хеле муҳиму фараҳбахш аст, зеро тоҷикону қирғизон аз қадимулайём бо ҳам равобити дӯстӣ доштанд, дар паҳлӯи ҳамдигар рушд намуданд, дастгири ҳамдигар буданд.
Таърих баёнгари он аст, ки тоҷикон аз замони давлатдории худ то имрӯз ҳамеша дар пайи сулҳу субот ва дӯстиву рафоқат бо дигар халқу миллатҳо, махсусан бо ҳамсоямиллатҳо ӯзбекҳо, қирғизҳо, афғонҳо ва дигарон буданду ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ низ ҳадафҳои худро дар самти сиёсати хориҷӣ густариш дода, имконият пайдо намуд, ки бо аксар давлатҳои минтақа ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои дипломативу дӯстонаи худро аз 14 январи соли 1993 оғоз намуда, соли 1997 Сафорати Қирғизистон дар шаҳри Душанбе ва Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек ба фаъолият оғоз намуданд.

Ҳарду давлат дар доираи бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Евразия ҳамкорӣ мекунад.

Ҳамчунин, қайд намудан ба маврид аст, ки тоҷикону қирғизон бо ҳам на танҳо риштаи дӯстӣ, балки пайванди хешу таборӣ низ доранд, ки ин раванд натиҷаи дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмиву боварӣ зиндагӣ кардани ду қавму миллати гуногунзабон дар як макон ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ, ҷангу низоъ ва баста шудани марз барои сокинони ҳар ду кишвар фоҷеаи гаронро ба миён овард. Мардум дер боз интизори сулҳу субот ва барқарор намудани созишномаи дуҷониба буданд. Аз ин лиҳоз, ин рӯйдоди муҳимро махсусан сокинони ҳар ду кишвар бо фараҳу шодмонӣ ва умед ба ояндаи нек истиқбол намуданд.
Бояд гуфт, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуффузи ҷаҳонӣ-Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардидани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” шаҳодати возеҳи сулҳофарии миллати тоҷик ва Пешвои сулҳи ҷаҳонӣ будани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари ҳамсоя ва дӯстанд, ки таърихи муштарак, фарҳанги наздик ва робитаҳои амиқи бародарона доранд. Ин дӯстӣ на танҳо ба муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, балки ба пайвандҳои инсонии байни халқҳои ҳарду давлат асос ёфтааст.

Дӯстии мардуми Тоҷикистону Қирғизистон дорои таърихи чуқур ва пояҳои устувор буда, кушодашавии сарҳадҳо байни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз таваққуфи солҳои охир ва ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдоштаи марзӣ бо ибтикори наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров рӯйдоди муҳим ва умедбахши таърихӣ барои мардуми ду кишвар ба ҳисоб меравад, зеро пас аз солҳо мушкилоти марзӣ ва баста будани гузаргоҳҳо, ин иқдом на танҳо робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро фаъолтар мекунад, балки барои таҳкими дӯстӣ ва эътимоди байни халқҳо низ нақши муҳим мебозад.
ҶУРАХОНЗОДА Сироҷиддин Шамсулло,
ректори Донишкадаи давлатии санъати
тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Ба қафо

АЗ МУҲАББАТ ТАЛХҲО ШИРИН ШАВАНД

Ба пеш

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Ба пеш
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон