Дар кафедраи дизайн ва меъморӣ аз моҳи ноябр то ин замон дар курси 4-уми ихтисоси дизайни дохили бино гурӯҳи “А”, дизайни дохили бино гурӯҳи “Б”, меъмори манзаравӣ, дизайни реклама чор маротиба фоизбандӣ баргузор гардида, донишҷӯён дар давраи якум 15 фоизӣ, давраҳои дуюму сеюм 20 фоизӣ ва давраи чорум 15 фоизӣ хол гирифтанд.

Фоизбандиро аз рӯи корҳои илмӣ ва эҷодии донишҷӯён декани факултети дизайн Холов М. А., мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ Суюнов Э. С., омӯзгорони кафедра Якубов П., Валиев Э., Шерматов М., Ҷалилов Т., Алишов С., Саидов Н., Раҷабзода Ф., Умарова З., Шоев М. анҷом доданд.

Дар асоси нақшаи кории кафедра ва бахши магистратураи донишкада доир ба назорати иҷро ва дар амал тадбиқ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодии магистрантон давраи аввали фоизбандии кафедравии иҷрои рисолаҳои хатми магистрони курси 2-юми  ихтисоси дизайни дохили бино ташкил карда шуд. Комиссия рафти иҷроиши қисмати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодии рисолаи хатми магистронро муҳокима намуда, барои идомаи  онҳо тавсияву машваратҳои судманд дод.

Суюнов Э. С.,

 мудири кафедраи дизайн ва меъмории ДДСТДТ