Friday, May 9, 2025
  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
Асосӣ Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон

Нигоҳе ба ҷашни Наврӯз

20.03.2021

“Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли наваҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.”

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро дар аксари маъхаз ва сарчашмаҳои фарҳангии аҳди бостон ва асрҳои миёна ба Ҷамшеди пешдодӣ нисбат додаанд. Умари Хайём дар “Наврӯзнома” оварда, ки чун Каюмарс аввалин мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёму солу моҳро ном ниҳад ва таърих бисозад, то мардум инро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввалин дақиқаи ҳамал омад, мубадони аҷамро ҷамъ овард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Аммо боварии ҳамагон бештар бар ин аст, ки ҷашни Наврӯзи бостонӣ дар аҳди Ҷамшеди пешдодӣ бори нахуст баргузор гардидааст.

Он чи ба ҷашни Наврӯз ва нисбати ӯ ба Ҷамшед вобаста аст, пеш аз ҳама, бояд ба асари ҳаҷман хурди Фарзонаи Нишопурӣ муроҷиат кард. Дар “Наврӯзнома”-и ӯ омада, ки чун аз маликии Ҷамшед чаҳор саду бисту як сол гузашт, Офтоб ба фарвардини хеш ба аввалин бурҷи ҳамал омад ва бар бурҷи ҳамал ворид шудани Хуршедро Наврӯзаш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардин нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд ва онро “рӯзи нав”донанд.

Ҳангоми аз бурҷи ҳут баромада ба бурҷи ҳамал дохил шудани Офтоб соли нав (Наврӯз) фаро мерасад, ки онро эрониён «таҳвили сол» меноманд. Ҳамаи афроди хонавода дар ин рӯз дар сари суфраи наврӯзӣ нишаста, шамъи хони наврӯзиро равшан мекунанд ва падари хонавода бо хондани дуои хайри наврӯзӣ аҳли хонаводаро бо ид табрик мегӯяд ва хоҳони саломатию беҳбудии онҳо то соли оянда мешавад. Албатта, дар гӯшаву канори сарзамини паҳновари ориёиҳо чи дар аҳди бостон ва чи дар замони муосир фарорасии соли нав (Наврӯз)-ро бо таври гуногун ва тибқи анъанаи ташаккулёфта дар маҳалу минтақаҳои мухталиф пешвоз мегиранд.

Дар адабиёти наврӯзӣ қайд карда шуда, ки дар ин рӯзи муборак ҳамаи афроди хонавода бо соли куҳна бо ҳамаи хубию бадӣ, шодиву кудурат, шодкомию нокомӣ ва дору нодориаш падруд мегӯянд ва ба истиқболи соли нав бо орзую умедҳои тоза, хостаҳои нав ва шодию сурур дар фазои идонаи хонавода сари суфраи наврӯзӣ менишастанд. Мувофиқи суннати дерини ниёгон таҳвили сол бо як амали намодин (рамзӣ)-и шахси хушқадами хонавода (гирондани шамъ) сурат мепазирад ва ин лаҳзаро аҳли хонавода гиромӣ медорад ва то охири сол онҳо ба беҳбудию хушнудӣ, фараҳмандию солимӣ ва таъминоти иҷтимоии хонавода саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Суфраи наврӯзӣ дар ҳар хонаводаи мардуми эронитабор мувофиқи суннати дерин ороста мешуд ва маводи ғизоии хони наврӯзӣ аз «ҳафтсин» cap карда, то дигар ашёи сари суфра як намод (символ).-ро ифода мекард.  Дидани нону косаи об бо сабза, шишаю гулоб, очил (меваи хушк), шарбату ширинӣ, моҳиву ҷурғот, ширу панир ва ғайра дар атрофи ҳафтсин аз фаровонии сол гувоҳӣ медод ва чашму дили аҳли хонаводаро дар оғози соли нав сер нигоҳ медошт.

Дар рӯзи аввали Наврӯз субҳи зуд аз хоб бархоста, ҳар яке ба канори ҷӯйбор, чашма ва ҳавз рафта шустушу мекард. Дӯстон ба якдигар об мепошиданду ширинӣ медоданд. Субҳ пеш аз он, ки ҳарфе бигӯянд, шакар мехӯрданд ва се маротиба асал мелесиданд ва барои ҳифзи бадан аз нохушию бадбахтиҳо равған ба тан мемолиданд. Ба якдигар об пошидан расми куҳане буд, ки Ҳошими Розӣ онро «образгон» номида ва аз шустушую ғуслу обпошӣ иборат будааст. Суннати обпошӣ ба якдигар аз рӯзгори Сосониён ба мо мерос монда, тибқи ривоят, дар аҳди Фирӯзшоҳи сосонӣ чандин сол пайи ҳам хушксолӣ ба вуқуъ пайваст. Фирӯзшоҳ хироҷи он солҳоро ба мардум бахшида, дарҳои хазинаи худро кушод ва он чӣ дар оташкадаҳо низ туда буд, ба мардум дод ва тарзе рафтор кард, ки касе дар ин хушксолӣ аз гуруснагӣ намирад. Сипас худи шоҳ ба оташкадаи Озархуро омада, ба ниёиш пардохта, дархости борон намудааст. Вақте ӯ аз оташкада ба сӯи қаср равон мешуд, борони шадиде борид, ки онро «борони раҳмат» мегуфтанд. Мардум ин ходисаро фоли нек донистанд ва дар ин рӯзи боронӣ ба якдигар обпошӣ намуданд .

Наврӯз дар забони паҳлавӣ маънои «нуки рӯз»- ро дорад, аз ин ру, Берунӣ онро «пешона»-и сол мегӯяд. Артур Кристенсен, ки солҳои зиёд ба баррасии таърихи Осиёи Миёнаву Эрони бостон дар давраи Сосониён пардохтааст, роҷеъ ба Наврӯз нигошта, ки «дар байни идҳо он ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯз мебошад». Худи калимаи Наврӯзро дар адабиёти таърихию фархангӣ ба номҳои нейрӯз, ҷашни сол, ҷашни фарвардин, ҷашни фраваҳарҳо, соли нав ва аввалин рӯзи сол шарҳу таъбир намудаанд. Меҳрдоди Баҳор дар «Пажӯҳише дар асотири Эрон» ном асараш ҷашни Наврӯзро ба рӯзгоре мансуб медонад, ки ақвоми ҳиндуэронӣ Хуршед ё худ Меҳрро ҳамчун эзиди бузурги ориёӣ мепиндоштаанд ва Пури Довуд суннати наврзӯзиро ба замони аввалин кадхудои ҷаҳон Каюмарс марбут дониста, бо таваҷҷӯҳ ба навиштаҳои паҳлавӣ, ӯро аввалин подшоҳе мепиндорад, ки бар тахт нишаста, тоҷи хусравонӣ ба cap ниҳод, сипас Ҷамшед онро таҷдид кард ва дастур дод, ки ҳар сол дар аввали фарвардин ин рӯзро ҷашн бигиранд.

Дар сарзамини Эрони шарқӣ, аз ҷумла дар Бухорову Самарқанд ва дигар шаҳрҳои бостонӣ дар аҳди қадим маросими ҷашни Наврӯз хусусиятҳои ба худ хос дошт. Дар асрҳои миёна низ он ҳамчун суннати дерини ниёгон ҷашн гирифта мешуд. Дар «Таърихи Бухоро» яке аз шаҳрҳои қадима бо номи Варахша ёд шудааст, ки дар аҳди бостон дар он ҷо Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирифтаанд. Садриддин Айнӣ дар мавриди баргузории ҷашни Наврӯз дар шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Самарқанду Бухоро, бо таваҷҷӯҳ ба нукоти боло ишора намудааст, ки Наврӯзро дар ин маҳалҳо бисёр ҳурмат мекунанд ва ҳатто муллоҳои динӣ ба ин ид, ки пеш аз ислом таҷлили он одат шуда буд, пас аз мусулмон шудан ҳам ин идро тарк накарда ва рангу буи дини исломӣ дода, ҳамроҳи мардум онро шукуҳмандона ҷашн мегирифтанд.

Агар ҷашни Наврӯзро бо тамоми русуму одот, маросим ва хусусиятҳои иҷтимоию фарҳангии он мавриди баррасӣ қарор диҳем, дар пеши назар таърихи пайдоиш ва сайри тӯлонии ин ҷашни аз ниёгон ба ирс расидаи миллӣ ҳувайдо мегардад. Дар он буъди замонӣ аз тақвим ханӯз нишоне набуд, барзгарон ҷашни Наврӯзро бо шукуҳ ва бо шодиву нишот аз кӯҳҳои Қафқоз cap карда то каронаҳои Халиҷи Форс ва аз Бухорову Самарқанду Хоразм cap карда, то соҳилҳои Баҳри Миёназамин баргузор менамуданд. Ин иди куҳан, бешубҳа, яке аз ҳалқаҳои пайвасти занҷири ногусастании миллатҳои ҳамнажоду ҳамфарҳанги куҳани ориёӣ мебошад.

Ҷашни Наврӯз аз аввали фарвардинмоҳ (21 март) шуруъ мешуд ва дақиқан чанд рӯз идома ёфтани он маълум нест. Дар аҳди бостон ниёгони мо, тибқи нишондоди маъхазҳо, Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд, вале он бо мурури замон бо тағйироту дигаргуниҳое дучор шудааст. Баъзан замони онро бо салоҳдиду тақозои мулозимони дарборӣ то ба як моҳ пеш бурдаанд ва гоҳе ҳам онро то ба шаш рӯз ақиб овардаанд. Вале чун Худованд дар шаш марҳила (гоҳанбор) оламро аз катми адам офаридааст, замони расмии ҷашнгирии иди соли нав (Наврӯз)-ро аз шаш рӯз иборат медонанд, ки он ҳам ба ду қисмат – панҷ рӯзи аввалро «Наврӯзӣ омма» ё «Наврӯзӣ хурд» ва рӯзи шашуми онро «Наврӯзӣ хосса» ё «Наврӯзӣ бузург» меноманд.

Дар ин рӯз ҳама аз кор даст мекашиданд, бо шодиву тараб ва хушгузаронии вақти худ баҳорро пешвоз мегирифтанд. «Наврӯзӣ бузург»-ро Умари Хайём «нав гаштани аҳволи олам» ба қалам додааст. Дар ин рӯз подшоҳонро воҷиб буд, ки «ойину расми мулук ба ҷо оваранд» ва ба хотири таърих ин рӯзи фархундаро мулук бо тамоми раият бо хуррамӣ гузаронанд, ки он рамзи то Наврӯзӣ дигар хуш гузаштани солро дар худ нигоҳ дошт.

Дар арафаи Наврӯз ҳар гуна бозиҳо ва мусобиқаҳои гуногун вобаста ба синну соли иштироккунандагон ҷузви ташрифоти ҷашни наврӯзӣ маҳсуб мешуданд. Дар ҳар деҳу русто ва шаҳру минтақа ва пойтахти дарборӣ дар барномаҳои бозиҳои ҷашни наврӯзӣ мусобиқоти паҳлавонон, баргузории бозиҳои суннатии чавгонбозӣ, кӯйбозӣ, тӯббозӣ, аспдавонӣ, гуштингирӣ, чӯббозӣ, мусобиқаи тирандозӣ, ҷанг андохтани ҳайвонот ва парандагон, мусобиқоти дигар бозиҳои маҳаллӣ гузаронида мешаванд.

Хулоса, таҷлили Наврӯзи фархунда аз ҷашнҳои воқеан муборак ва бошукӯҳу шаҳоматест барои мардуми эронитабор, бахусус тоҷикон, ки тайи гузашти садсолаҳои бешумор ҳамоно ранги тоза ба тозае ба худ касб намуда, ба оламиён аз ин ҷашни пурсатвати ҷамшедӣ дарак медиҳанд.

асистенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ

Таҳияи Хурсандмурод Ҳамидов,

 

Ба қафо

НАВРӮЗИЯ

Ба пеш

Эълон

Ба пеш

Эълон

Рубрикаҳо

  • Хабарҳо
  • Конференсияҳо
  • Намоишҳо
  • Чорабиниҳо
  • Корҳои эҷодӣ
  • Маркази бачагонаи рассомӣ
  • Эълон
  • Мақолаҳо
    • Мақолаҳои магистрҳо
    • Маколаҳои омӯзгорон ва кормандон
    • Мақолаҳои донишҷӯён ва магистрон
  • Табрикот

Бойгонӣ

Хабарҳои нав

  • Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ 04.04.2025
  • К-ИН САБЗА, КИ ИМРӮЗ ТАМОШОГАҲИ ТУСТ…. 24.03.2025
  • ТАБРИКОТИ ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз 20.03.2025
  • Иштироки аъзои ташкилоти ИБТИДОИИ “ДИЗАЙН” дар намоиш-фурӯши китоб 19.03.2025
  • ИФТИТОҲИ НАМОИШИ ЭҶОДИИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ” ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА 18.03.2025
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  Суроға:

кӯчаи Айни 31,
шаҳри Душанбе,
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Тамос:

 Тел: (+992 37) 221 72 43; 221 72 37
 Моб: (+992 37) 93-335-19-85; 91-100-10-92
 Email: design_2013@list.ru

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

  • РусскийРусский
  • EnglishEnglish
Натиҷа нест
Ҳама натиҷаҳоро бинед
  • Асосӣ
  • ДОНИШКАДА
    • Маълумот дар бораи донишкада
    • Раёсат
    • Шӯрои олимон
      • Сохтор
      • Ҳайат
    • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
    • Шуъбаи умумӣ ва назорат
    • Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ
  • ТАЪЛИМ
    • Шуъбаи таълим
      • Маълумот
      • Ҷадвали ҷараёни таълим
    • Шуъбаи методӣ
      • Маълумот
      • Бахши методӣ
      • Бахши симонишинон
      • Нигористон
      • Устохонаи багетсозӣ
    • Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
    • Бахши идоракунии сифати таҳсилот
    • Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
    • Маводи таълимии тозанашр
  • КОРҲОИ ИЛМӢ ВА ЭҶОДӢ
    • Шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия
      • Корҳои илмӣ
      • Корҳои эҷодӣ
      • Маҳфилҳои илмию эҷодӣ
    • Бахши магистратура ва аспирантура
      • Маълумот
    • Китобхона
  • ТАРБИЯ
    • Шуъбаи тарбия
    • Намоишҳо
    • Бахши ҷавонон
      • Фаъолияти бахш
    • Хобгоҳ
  • ФАКУЛТЕТҲО
    • Факултети «Дизайн»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Санъати тасвирӣ»
      • Сохтор
      • Кафедраҳо
    • Факултети «Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ»
      • Сохтор
      • Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
      • Шуъбаи тайёрӣ
      • Маркази бачагонаи рассомӣ
      • Курсҳои кутоҳмуддат дӯзандагӣ
  • ЧОРАБИНИҲО
    • Рисолаи хатм
  • ҶАДВАЛ
    • Ҷадвали факултети Дизайн
    • Ҷадвали факултети Санъати тасвирӣ
    • Ҷадвали факултети Т ва ТФ
  • Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

©2013-2025 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон